Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 12 сафири нав эътимоднома қабул намуданд
ДУШАНБЕ, 20.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 сафири навтаъйини кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд.
Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Туркманистон Тогалаков Ҳемра Аманмамедович, Давлати Қатар Иброҳим Муҳаммад Абдураҳмон ал Абдулло, Иттиҳоди Аврупо хонум Мэрилин Йосефсен, Ҷумҳурии Финляндия хонум Маря Лиивала, Шоҳигарии Испания Давид Артуро Карриедо Томас, Ҷумҳурии Словения Бранко Раковетс, Ҷумҳурии Латвия Михаил Попковс, Ҷумҳурии Молдова Андрей Негутса, Малайзия Ҳенди Ассан, Ҷумҳурии Халқӣ — Демократии Корея Ким Хен Чжун, Ҷумҳурии Замбия Шадрек Лувита ва Ҷумҳурии Эл Салвадор Эфрен Арнолдо Бернал Чевез эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати таъйин гардиданашон ба ҳайси роҳбарони сафоратҳои давлатҳои худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки сафирон бо фаъолияти пурсамари дипломатиашон ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои худ мусоидати ҷиддӣ хоҳанд кард.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҷавҳари фаъолияти Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ сиёсати хориҷии мутавозину сулҳхоҳонаи “дарҳои кушода” ташкил медиҳад. Дар такя ба он мо бо ҳамаи кишварҳои хориҷии дуру наздик муносибатҳои барои ҷонибҳо судманди фарогирро роҳандозӣ намуда, ҷиҳати пешбурди самарабахши онҳо кӯшишҳои пайваста ба харҷ медиҳем.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои ҳавзаи минтақаи Осиёи Марказӣ, ҷаҳони араб, кишварҳои аврупоии минтақаи назди Балтика, Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои аъзои он ва кишварҳои фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирони фавқулода ва мухтори навтаъйин бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талошҳои пайгиронаи худро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки давлатҳо ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон равона месозанд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон баҳри ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба об ва муборизаи самарбахш алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир ёдовар шуданд.
Дар фарҷом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барору комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид карданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд






