Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар анҷом ёфтанд
ДУШАНБЕ, 30.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати эҷодӣ ва расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар бо таассуроти бою рангин ба Душанбе баргашт. Хабарнигори бахши арабии АМИТ «Ховар» Тоҷиддин РИЗВОНОВ ба ин ҳайат шомил буд.
Аъзои ҳайати эҷодӣ ва расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар аз 22 то 28 ноябри соли ҷорӣ дар ин кишвар қарор доштанд.
Мавриди зикр аст, ки ҳайати расмӣ ва эҷодии Рӯзҳоро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шамсиддин Орумбекзода сарварӣ намуда, ба он Давлатманд Холов, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Фотима Машрабова, Ситораи Кароматулло, Амирҷон Рӯзиев, Дамирбек Олимов ва ҳунарпешаҳои Ансамбли рақсии «Парасту» шомил буданд.
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар ҳайати фарҳангии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири фарҳанг бо фаъолияти Китобхонаи миллии ин кишвар шинос шуда, зимни боздид аз ин боргоҳи дониш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» (бо забони арабӣ) ва китоби академик Бобоҷон Ғафуров- «Тоҷикон»-ро ба мудири ин китобхона такдим намуд. Ҳамчунин ҳайати фарҳангии Тоҷикистон аз осорхонаи Шайх Файсал ибни Қосим Оли Сонӣ дидан намуда, бо мусаввараҳо ва ёддоштҳои таърихии Давлати Қатар шинос шуданд.
Бояд зикр кард, ки чорабиниҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби воситаҳои ахбори оммаи Давлати Қатар ба таври васеъ инъикос ёфта, аз ҷониби ширкатҳои гуногуни телевизионӣ низ намоиш дода шуданд. Аз ҷумла, рўзномаи «Ал Ватан»-и Давлати Қатар ҷараёни Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин кишвар муфассал инъикос намуд.

Ҳайати фарҳангии Тоҷикистон баъди ба анҷом расидани сафари ҳунарӣ бо таассуроти баланд ба ватан баргашт.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бори аввал сурат гирифтанд.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






