РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – РӮЗИ РӮШНОӢ МУБОРАК! Андешаҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзо дар робита ба Рӯзи равшанию нур

Ноябрь 14, 2018 08:38

ДУШАНБЕ, 14.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. «16 ноябр дар ҳаёти миллати тоҷик рӯзи пурфайзу футуҳ аст. Албатта, ҳар рӯз хосиятҳои худро дорад. Аммо  таҷлили ин рӯз дигар аст» – гуфт дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Кароматулло МИРЗО.  

Дар рӯзҳое, ки оташи ҷанги бемаънии байниҳамдигарии тоҷикон дар Тоҷикистон аланга мегирифт, 16 ноябри соли 1992 иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоби вилояти Суғд баргузор гашт. Масъалаи асосӣ- фурӯ нишондани ҷанги хонумонсӯз буд. Ҳамин иҷлосия дар тақдири миллат нақше гузошт, ки он бо хатҳои заррин ба таърихи миллат ворид гашта, нақши фаромӯшношуданӣ-нақши зиндагии нав, сулҳу салоҳ, хомӯш гаштани оташи ҷанг дар Тоҷикистонро ифода мекард. Дар ҳамон рӯзҳо гӯё дар осмони Тоҷикистон аз паси абрҳо равшанӣ-офтоб рух намуд. Он рӯшноӣ, нурҳои он офтоб сар то сари Ватанро фаро гирифт.

Дар ин иҷлосия фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гаштанд. Ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назди Парчами Тоҷикистон сари таъзим фуруд оварда, парчамро ба дидагон молида, савганд ёд карданд, ки ба Тоҷикистон сулҳ меоранд, гурезагонро ба Ватан бармегардонанд. Ва ба он ваъдаҳои додаашон вафо карданд, ки мо имрӯз шоҳиди онем.

16 ноябри соли 2018 ба туфайли заҳматҳои Пешвои миллат боз рӯшноӣ пайдо шуд-равшанӣ аз Неругоҳи барқи обии «Роғун». Табиист, ки ҳангоми амалӣ гаштани нақшаҳои азими бунёдкорӣ аксаран душвориҳо пеш меоянд. Ба хотир меорем рӯзҳои бунёд гаштани Неругоҳи барқи обии «Норак»-ро. Барои бунёди ин неругоҳ шароит хуб буд, сохтмони зарбдори комсомолону ҷавонони умумииттифоқ эълон гашта буд. Сохтмон соли 1961 шурӯъ гашт, агрегати аввали он рӯзи 16 ноябри соли 1972 ва агрегати нуҳум рӯзи офтобии 2 октябри соли 1979 ба истифода дода шуд.

Ба ин муносибат як шумораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») пурра ба он бахшида шуда буд, ки банда корманди рӯзнома будам ва таълифи он шумораро ба уҳда доштам.

Як мақолаам «Нома ба ояндагон» ном дошт. Ба ояндагон муроҷиат шуда буд, ки чи муъҷизае аз рӯзҳои мо ба онҳо мерос монда, инчунин дар мақола номҳои экскваторчиёни ҷавон Файзулло Ашӯралиев, Сафар Раҳимов, кранчидухтарон Ширингул Аёзова, Ҷумъагул Назарова, сардори бригадаи васлгарони комсомолону ҷавонон Анатолий Шалкинов, Максим Денко ва бисёр дигар бунёдкорон зикр шуда буд. Номҳои ин бунёдкорон фаромӯшнашавандаанд…

Баъди чанд рӯз мо шоҳиди ба истифода додани агрегати аввали Неругоҳи азими барқи обии «Роғун» мегардем. Мақола навиштам. Ба ин мақолаи хурдакак ҳам «Нома ба ояндагон» сарлавҳа мегузорам. Неругоҳи азими барқи обии «Роғун» ҳам мерос аст, мерос аз рӯзҳои мо ба ояндагон. Бунёдгузорони ин кохи азими ёдгорӣ ҳазор андар ҳазор ҳамватанони мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Аз номи кулли бунёдгузорон танҳо ва танҳо номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои ояндагон зикр менамоям, ки ҳамаи комёбӣ, пешомадҳои неки миллат маҳз ба номи муътабари ин шахсияти беназир вобастаанд.

16 ноябри соли 2018 боз ба рӯи миллати тоҷик равшанӣ мерасад, нуре, ки  ба туфайли заҳматҳои Пешвои миллат аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» бармеояд. Рӯзи Президент ва рӯзи равшанию нурборон ба  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми сарбаланди тоҷик муборак!

Ноябрь 14, 2018 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
Дар Тошканд ҷаласаи машваратии давлатҳои наздисоҳилӣ доир ба маблағгузории устувори лоиҳаи НБО «Роғун» баргузор гардид
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафтанд
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Мутахассисони соҳаи энергетикаи Қирғизистон бо Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд