РӮЗИ ШОДИЮ НИШОТ БА ҲАМА МУБОРАК! Муроҷиатномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми хушиқболи тоҷик бахшида ба Рӯзи Президент

Ноябрь 15, 2018 08:44

ДУШАНБЕ, 15.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баистифодадиҳии чархаи аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба идораи АМИТ «Ховар» Муроҷиатномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расидааст, ки дар он омадааст:

«Ба тақвими ҷовидонаву тақдири қавми озодатабори тоҷик рӯзе фаро расид, ки ҳанӯз 27 сол муқаддам чархи гардун ояндаи ин миллати соҳибтамаддуни фарҳангсолорро ба дасти меъмори мулоҳизакору дурандеш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта буд. Ӯ сарварии давлатеро ба уҳда гирифт, ки фазояшро дуди ҷанги бародаркуш тира гардонида, бӯи ғализи хун ба машом мерасид…

Имрӯз аз он ҳаводису рӯзҳои даҳшатбор танҳо хотираҳои талху нангин дар хотири насли калонсол боқӣ монда, чархи тақдиргардони миллат ба насли ҷавон ҷаҳони маънавии фурӯзонро арзонӣ доштааст.

Бо заҳмату талошҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат субҳи умед дамидаву зиндагии шоистаи дорои арзиши олӣ баҳри мардуми тоҷик эҳдо карда шуд.

Соҳиби тахту бахти тоҷикон, Пешвои муаззами миллат сиришти худро бо сиришти халқу миллат тор ба тор, пуд ба пуд ресидаву бофта, тадбир ҷуста, дар масири ваҳдатсозии суботмандона ҷонбозиҳо намудааст, то ки мо ба як рукни оини давлатдории миллӣ бирасем. Хушбахтона, мо бе муҳобот аз оғоз то имрӯз бо роҳбариву роҳнамоии Пешвои миллатдӯст, бедордилу оқил ба ғояҳои баланди давлатдории миллӣ расида, ба ин рӯзи пуршарафу пур аз ифтихор расидаем.
Барои мардуми хушиқболи тоҷик ифтитоҳи чархаи аввали Неругоҳи барқии обии «Роғун» рӯйдоди муҳими таърихӣ буда, мояи ифтихори мост, ки он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугмачаи рамзӣ кори худро оғоз менамояд.

Дар ин рӯзи муборак шаҳрвандони кишвар ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди дастоварди бузурги мардуми тоҷик ва бахусус заҳмату хиради дурбинонаи Пешвои тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешаванд, ки тайи солҳои дароз бо умеду армонҳои чандинсола интизории ифтитоҳи ин иншооти азими асрро мекашиданд. Ин воқеаи таърихӣ тантанаи иду ваҳдат, заҳмату меҳнати коргарони НБО-и «Роғун» ва халқу миллатҳое, ки дар бунёди ин иншооти қарн ҳисса гузоштаанд, мебошад. Фаъолияти ин коргоҳи бузург барои рушди Ватани азизамон марҳилаи нав боз менамояд.

Ифтитоҳи иншооти аср вирди забони хурду бузург гардида, илҳомбахши рӯҳу ҷон, орзуву армон ва такягоҳи умеди мо, модарон ба ояндаву фардои дурахшон мебошад.

Мо, занону модарони хуштолеъи Тоҷикистони азиз  ифтихор аз Пешвои муаззами хеш дошта, бо эътимоди қавӣ гуфта метавонем, ки ояндаи фарзандони мо дурахшону хонаи мардуми Тоҷикистон тинҷу обод хоҳад буд.

Мо, занону модарон ҳама мушкилотамонро бартараф намуда, бо роҳнамоии Сарвари соҳибмаърифату тамаддунсози миллат, фарзанди фарзонаву бохирад нияту нақшаҳои оғозкардаамонро баҳри тарбияи фарзандони солеҳу бохирад, ватандӯсту меҳанпараст бо заҳмати аҳлонаву софдилона амалӣ мегардонем ва неруи худро ба таҳкими пояҳои оиладорӣ, раванди демократикунонии миллӣ ва пешрафти кишвари азизамон равона месозем.

Роҳи сулҳу субот ва созандагиро пешаи амалҳои дурбинонаву ояндасоз намуда, Рӯзи Президент ва ба кор даромадани агрегати аввалини тақдирсози Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ҳамчун рӯзи шодию нишот, рӯзи муқаддасу фаромӯшнашаванда  ба кулли ҳамватанонамон табрик мегӯем!

Ин санаи муборак барои мардуми хушиқболи тоҷик ҳамчун рӯзи фархундапай арзёбӣ гардида, ба ҳар хонадони тоҷик шамъи фурӯзон ато менамояд.

Мо итминон дорем, ки дар ин рӯзи фирӯз дуои модарони тоҷик ба Шумо — Пешвои миллат қувваву илҳоми нав ато месозад ва сиёсати созандаи Шумо баҳри пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат менамояд.

Дар ин рӯзи муборак тамоми эҳсоси шодию нишотамонро бо ин байт ифода мекунем:

Мо ваколатпарвари панди бузургонем,
Тоҷикистонро касе, ки сохт, бо онем.
Сарвари мо, Сарвари номусу нанги мост,
Шаҳсутуни меҳри дил бо номи ӯ пайдост».

Ноябрь 15, 2018 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Зимбабве таҷрибаи Тоҷикистонро дар самти истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия истифода менамояд
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» шинос шуданд
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе масоили кунунии мониторинги пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Кристин Мишел: «Дар масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо давлатҳои ҷаҳон бояд муттаҳид бошанд»
Лидия Брито: «ЮНЕСКО Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳоро дастгирӣ намуда, ҳамеша дар паҳлуи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар рӯзи дуюм аз рӯйи шаш мавзуъ ҳамоишҳои канорӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ-МАРКАЗИ ҚАБУЛИ ҚАРОРҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо