Раиси нави Иттифоқи суратгирони Тоҷикистон интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 10.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр дар Душанбе Анҷумани суратгирони Тоҷикистон баргузор шуд. Дар кори Анҷуман мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода иштирок намуд. Пеш аз оғози Анҷуман суратҳои аксбардорони собиқадор Геннадий Ратушенко ва Сафарбек Фозилов аз давраи Шӯравӣ ва Истиқлолияти ҷумҳурӣ ба намоиш гузошта шуда буданд.
Дар анҷуман масъалаҳои интихоби раиси нави иттифоқ, интихоби раёсат ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд. Нахуст раиси Иттифоқи суратгирони Тоҷикистон Геннадий Ратушенко оид ба кори иттифоқ ва муваффақиятҳои он иттилоъ дод. Ӯ дар бораи намоишҳои суратҳо дар дохил ва хориҷи кишвар нақл намуд.
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода аз номи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода иштирокдорони Анҷуманро табрик гуфта, иброз дошт, ки Иттифоқи суратгирон бо бинои худ таъмин гардида, аъзои иттифоқ муттаҳид шуда, минбаъд корро бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҷоннок менамоянд.
Муҳиддин Пайшанбезода таваҷҷуҳи аъзои иттифоқро ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуда, зикр дошт, ки суратгирони ҷумҳурӣ бо силсиланамоишҳои худ дар ҳама соҳаҳо- иқтисодиёт, иҷтимоиёт, туризм ва ғайра бо аксҳои зебову ҷолиб бояд Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд. Ӯ ҳамчунин ба мардони ҳунар- аксбардорони собиқадори кишвар, аз ҷумла Геннадий Ратушенко, Заур Дахте, Мақсудҷон Муҳиддинҷонов, Сафарбек Фозилов, Маҳмадюсуф Юнусов, Тӯхтамурод Рӯзиев ва дигарон барои фаъолияти пурсамар дар пешрафти кишвар изҳори миннатдорӣ намуд.
Иштирокдорони анҷуман якдилона раиси нави Иттифоқи суратгирони Тоҷикистон ва аъзои раёсати онро интихоб намуданд. Раиси нави Иттифоқи суратгирони Тоҷикистон Аминҷон Азимов интихоб шуд.
Дар анҷуман аъзои иттифоқ таклифҳои ҷолиби худро пешниҳод намуданд.











Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






