Раиси Палатаи қонунгузории Парлумони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон омад

Ноябрь 20, 2018 09:50

ДУШАНБЕ, 20.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 19 ноябр Раиси Палатаи қонунгузории Парлумони (Олий Маҷлиси) Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов  бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад.

Тибқи иттилои котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Муҳаммадато Султонов, меҳмони олиқадрро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ Олим Салимзода ва масъули раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ истиқбол намуданд.

Дар доираи сафари расмияш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Палатаи қонунгузории  Парлумони  Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов  бо Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот менамояд.

Ҳамчунин дар назар аст, ки  Раиси Палатаи қонунгузории Парлумони  Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов  аз Осорхонаи миллӣ, толорҳои «Кохи Наврӯз», корхонаи саноатии «Ноқили Талко», Неругоҳи барқи обии «Норак» ва обанбори он, китобхонаи шаҳри Норак, Боғи фарҳангу фароғатии Мир Алишер Навоӣ дидан намояд.

Ноябрь 20, 2018 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид