«РОҒУН». Ба шарафи ба кор оғоз намудани агрегати аввали иншооти бузури аср

Ноябрь 7, 2018 11:51

ДУШАНБЕ, 07.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо шоирону нависандагон, адибону рӯзноманигорон ва намояндагони касбу кор ва синну соли гуногун оид ба мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба АМИТ «Ховар» навиштаҳои худро дар шакли нома, шеър, манзума, қиссаву ривоят ва  назару мулоҳизоти инфиродии худ пешниҳод  менамоянд.

Яке онро объекти таърихӣ, дигаре иншооти дорои аҳамияти стратегӣ ва сеюмӣ махзани нур номидаву дар бораи он дар қолаби жанрҳои гуногун мавод навиштаанд.   

Инак, шеъри тозаэҷоди шоири шинохта, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,  корманди Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Нозир ЁДГОРИРО манзури хонандагон мегардонем.

Гашт имрӯз олам огоҳ,

Як сайёра одам огоҳ,

Дар масири кишвари мо

Кохи нуре гашт пайдо.

Дасти ҳақ боло шуд ин ҷо,
Кохи нав бино шуд ин ҷо!

Дар мадори Тоҷикистон,

Ахтари нав партавафшон!

Ахтари нав — Кохи «Роғун»,

Ахтари нав — Кохи нур аст,

Нури рахшон,

Нури Раҳмон.

Дасти ҳақ боло шуд ин ҷо,
Кохи нур бино шуд ин ҷо!

Бо талоши Сарвари мо,

Ахтари нав гашт пайдо.

Ахтари нав кашфиёт аст,

Дар замин аз  коинот аст,

Ахтари нурофарин,

Нур пошад аз замин.

Дасти ҳақ боло шуд ин ҷо,
Кохи нур бино шуд ин ҷо!

Ахтари нав дар  замин аст,

Балки он рахшандафар,

Дар қатори офтоб,

Ҳаст офтоби дигар;

Офтоби  нури рахшон,

Офтоби нури Раҳмон,

Офтоби Тоҷикистон!

Дасти ҳақ боло шуд ин ҷо,
Кохи нур бино шуд ин ҷо!

Ноябрь 7, 2018 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд