Роғун – иқтидори миллӣ. Ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад

Ноябрь 14, 2018 10:57

ДУШАНБЕ, 14.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Басо рамзист, ки мо имрӯз дар остонаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Он имсол  ба рӯзи ба фаъолият оғоз намудани агрегати аввали НБО «Роғун» рост меояд. Ва ин беҳуда нест, зеро маҳз  талошҳои байналмилалӣ ва натиҷаи дипломатияи оби Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки  ин иншооти муҳими стратегии мамлакат бунёд мегардад. Ин рӯз дар саҳифаи давлатдории миллии муосири халқи тоҷик чун  рӯйдоди муҳим бо хати заррин навишта мешавад.

Аз ин рӯ бисёр ба маврид аст, ки дар ин рӯзи фархунда аз фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шавем.

Истиқлолияти энергетикӣ яке аз се ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ инҷониб таҳти таваҷҷуҳи Президенти мамлакат қарор дорад.

Дар Паёми солонаи худ ба мақомоти қонунгузори мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки «…тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рўи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, имрўз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98 фоизро ташкил медиҳад».

Мусаллам аст, ки захираҳои обӣ-энергетикӣ дар шароити имрўза ба ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири зиёд мерасонанд. Онҳо асоси иқтисодиёти ҳар кишвар ба шумор рафта, шароити иҷтимоии рўзгори одамонро муайян мекунанд ва мустақиман ё ғайримустақим ба муҳити атроф таъсири худро мегузоранд.

Мавҷудияти захираҳои азими энергетикӣ ҳанўз аз солҳои 20 – 30-юми асри гузашта мавриди омўзишу тадқиқот қарор гирифта буд.

Иқтидори умумии гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 млрд кВт/соат-ро дар як сол ташкил медиҳад, ки нисбат ба талаботи ҳозираи кишварҳои Осиёи Миёна 3 маротиба зиёд мебошад. Хусусияти муҳими гидроэнергетика дар он аст, ки он энергияи потенсиалии обро истифода намуда, худи онро ҳамчун захираи масрафшаванда истеъмол намекунад. Ин амал ба ҳаҷм ва сифати табиии об таъсир намерасонад. Ҳамасола ҳудуди 30-35 км3 об тавассути неругоҳҳои барқии обии кишвар гузашта, дар маҷмўъ 16-17 млрд. кВт/соат неруи барқ истеҳсол карда мешавад, ки ба 3-4%-и иқтидори умумӣ баробар мебошад. Дар мавриди истифодаи самараноки ин захираҳо минтақаро бо неруи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин кардан мумкин аст.

Вале ин имконият ё иқтидори калони гироэнергетикӣ то замони истиқлолияти давлатӣ васеъ истифода карда нашуд ва дар ду даҳсолаи аввали солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат камчинии неруи барқ дида мешуд.

Баъди барқарор шудани ҳукумати конститутсионӣ зери сиёсати дурандешонаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди низоми энергетикӣ дар мамлакат ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва шарикони рушд дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуд. Дар ҷумҳурӣ иқтидорҳои нави истеҳсолӣ сол то сол афзуда, ба истифода дода мешуданд, ки тавоноии онҳо ба 1300 МВт мерасид ва ин дар навбати худ дастоварди назарраси кишвар мебошад.

Муҳимтарини он мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нави тавлиди неруи барқ, ба монанди неругоҳҳои барқи обии «Сангтўда-1» (670 МВт), «Сангтўда-2» (220 МВт), Маркази барқу гармидиҳии Душанбе 2 (400 МВт), «Помир-1» ва неругоҳҳои барқи обии хурд (30 МВт), сохтмони зеристгоҳҳои барқии 500 кВт «Душанбе-500», «Суғд-500», «Дастгоҳи тақсимкунандаи пўшидаи элегазии 500 кВт дар НБО-и Норак», зеристгоҳҳои барқии 220 кВт «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», «Дастгоҳи тақсимкунандаи пўшидаи элегазии 220 кВт дар НБО-и Норак», хати интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол», хатҳои интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор-Хатлон», «Тоҷикистон-Афғонистон», «Хуҷанд–Айнӣ» ва «Қайроққум-Ашт» ба шумор мераванд.

Марҳалаи муҳим дар таърихи истиқлолияти энергетикӣ оғози фаъолияти агрегати аввали Неругоҳи барқи обии Роғун ва оғози бунёди хати баландшиддати CASA-100 мебошад.

Оғози корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» натиҷаи талошҳои байналмилалӣ ва дипломатияи оби Пешвои миллат мебошад. Пешвои миллат Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро иншооти стратегӣ барои бақои давлат номидаанд. Ин неругоҳ дар  силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш аз боло нуҳум буда, дар минтақаи 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Неругоҳ аз 6 агрегат иборат аст, ки қудрати ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди Неругоҳи барқии оби «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди гиливу сангӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард кВт/с дар як сол) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистон комилан қонеъ гардида, ба инкишофи иқтисодиёти кишвар такон бахшида шавад.

Дар яке аз суханрониҳои худ Пешвои миллат зикр намуданд, ки «барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони НБО «Роғун» дар давраи истиқлолият то оғози сарбанд зиёда аз 12,5 миллиард сомонӣ маблағ аз худ карда шудааст. Айни замон дар ин иншооти муҳими аср қариб 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон машғули кор буда, зиёда аз 2100 адад техника ва мошину механизмҳо сафарбар гардидаанд».

Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар соҳаи энергетикаи мамлакат консепсияи нав таҳия шудааст, ки натиҷаи амалишавии он чунин нишон дода шудааст:

Рушди соҳаи электроэнергетика аз рӯи консепсияи 10/10/10/10 таъмин карда мешавад, аз ҷумла:

1) иқтидори лоиҳавии низоми электроэнергетикаи кишвар ба 10 гВт расонида мешавад;

2) содироти солонаи неруи барқ ба кишварҳои минтақа ба 10 млрд. кВт. соат расонида мешавад;

3) диверсификатсияи иқтидорҳои низоми электроэнергетикаи ҷумҳурӣ тавассути зиёд кардани иқтидори дигар манбаъҳои энергия, аз ҷумла ангишт, нафту газ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар ҳаҷми на камтар аз 10% таъмин карда мешавад;

4) талафоти неруи барқ дар ҷумҳурӣ то 10% паст карда мешавад.

Ҳамин тариқ, фаъолият ва дастовардҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи истиқлолияти энергетикии кишвар хеле назаррасанд. Аз ҷумла:

  • Ба кишвари воҳид табдил додани Тоҷикистон. Яъне бунёди шабакаи ягонаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Таҷдиди иқтидорҳои мавҷудаи мамлакат;
  • Бунёди маркази барқу гармидиҳии “Душанбе 2”;
  • Амалишавии иқтидори бузурги кишвар- НБО “Роғун”;
  • Оғози бунёди хати баландшидати CASA-100.

Яъне дар ояндаи наздик кишвари мо ба яке аз давлатҳои калонтарини содиркунандаи неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза табдил меёбад. Ва ин дар навбати худ имконият медиҳад, ки Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ-индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил ёбад.

Амид КОМИЛБЕКОВ,
устоди  Донишкадаи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои сиёсӣ

Ноябрь 14, 2018 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» масолеҳи сохтмонии баландсифат истифода мешавад
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад