«РОҒУН ШИОР НЕСТ, РОҒУН ҲАҚИҚАТ АСТ…». Шеърҳо дар васфи НБО-и «Роғун» пайваста ба АМИТ «Ховар» мерасанд

Ноябрь 16, 2018 11:37

ДУШАНБЕ, 16.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Тоҷикистон ид дорад. Ид болои ид. Ба қавле, иди нишоту сурур бо иди нур тавъаму ҳамрадиф омада. Басо рамзист, ки имсол Рӯзи Президент бо рӯзи ба истифода додани нахустин агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» мувофиқ омад. Имрӯз Тоҷикистон ба  маъвои нур мубаддал гардидааст, нуре, ки дилҳои мо, кошонаю манзилҳои моро саропо равшану пурҷило мегардонад. Бо дурахши ин нур дар қалбу рӯҳи мо сафедию гармӣ, муҳаббату самимият, эътимоду садоқат ба миллату Ватан ва ҳамватанон дучанд мегардад, балки мо давлату мардуми хешро беш аз ҳарвақта дӯст медорем, балки риштаи эътиқоди мо ба ҳам мустаҳкамтар мегардад. Дар ин рӯзи фархунда бо дили пур аз фараҳу нишот мехоҳем ба ҳар як ҳамватан бигӯем: Ид муборак! Ҷашни нуру ваҳдат, ҳамдилию  ҳамнавоӣ, даст ба дасти ҳам доданҳо, аз заҳмати сангин наҳаросиданҳо, бар қавлу амали хеш вафо кардану синаи кӯҳи хороро “бо нохун шикофтанҳо” ва бо мадади толеъ ба ин рӯзи муҷалло расидан бар ҳамагон муборак!

Имрӯз ин пайвандӣ, ин баҳамоӣ ва иду нишот  мояи илҳоми ҳамагон гардидааст. Шоирон, олимон, коргарон, донишҷӯён-хуллас ҳар касе, ки ин Ватан барояш азиз аст, ҳар хасу хорашро ба ҷон баробар дӯст медорад ва аз ҳар муваффақияти он то ба гардун меболад,  аз ҷашнҳои шоистаи Ватан ба ваҷд омада, эҳсосоташонро дар шакли шеър рӯи коғаз овардаанд.

Дар робита ба ин ҷашнҳои муборак ба сомонаи  АМИТ  «Ховар» номаҳои саршор аз меҳру меҳрубонӣ ва ифтихоромез зиёд ворид мешаванд. Инак чун муште аз хирвор чанд намунаи онро  пешниҳоди хонандагони сомона мегардонем, то дар ин рӯзи пурнишот  ба шодии мо шарик гарданд.

 

НИҲОНӢ

АРЗАНДА

(арзу сипос ба иқдомҳои Пешвои миллат)

Агар гӯем, шоҳаншоҳи давронӣ, ту меарзӣ,

Барои тоҷикон пайғоми Яздонӣ, ту меарзӣ.

 

Агар гӯем, хидматҳои ту бемислу  монанданд.

Ба миллат ҳастият бахшида инсонӣ, ту меарзӣ.

 

Ба маъруфии худ маъруф кардӣ халқи тоҷикро,

Чи хуш, дар созмонҳо нутқ меронӣ, ту меарзӣ.

 

Хати барномаат шуд барқу нақбу роҳу озуқа,

Ба кишвар аз ту шуд ин файзу арзонӣ, ту меарзӣ.

 

Парешон халқи тоҷик буд зи дасти аҷнабӣ, аммо

Раҳо кардӣ Ватанро аз парешонӣ, ту меарзӣ.

 

Ба шири модарат хӯрдӣ қасам, ки сулҳ меорам,

Харидӣ ҷони ҳар як тоҷикистонӣ, ту меарзӣ.

 

Сипосу арзу дарди дил бигӯяд халқ пеши ту,

Чӣ ҷои гап, ки бар ҳар дард дармонӣ, ту меарзӣ.

 

Ба ҳарҷое сафар кардӣ, фазои абр шуд пора,

Худододе чу хуршеди дурахшонӣ, ту меарзӣ.

 

Асоси Сулҳу Истиқлолу Ваҳдатро ту бинҳодӣ,

Зиҳӣ, эй Пешво, бар ҷони мо ҷонӣ, ту меарзӣ.

 

Кашидӣ хатти барқу роҳу пул бар мулки ҳамсоя,

Вафову дӯстиро сахтпаймонӣ, ту меарзӣ.

 

Бинои НОБ-и Роғун арсаи номусу нангат гашт,

Аз ин ҷовид дар таърих мемонӣ, ту меарзӣ.

 

Ба рушди мактабу илму маориф тақвият додӣ,

Тавонбахшандаи фарҳангу ирфонӣ, ту меарзӣ.

 

Чу ислоҳот андар киштгардони заминҳо шуд,

Фузун гардид саҳми кори деҳқонӣ, ту меарзӣ.

 

Ба ҷон ҳастӣ ба ҳифзи марзу буми хоки аҷдодӣ,

Расидан пои бадхоҳе намемонӣ, ту меарзӣ.

 

Бигӯӣ, даъвати ифротиён хавфу хатар дорад,

Хатокории гумроҳон бифаҳмонӣ, ту меарзӣ.

 

Барои тоҷикони рӯи олам итминон гаштӣ,

Аз ин гӯем, шоҳаншоҳи шоҳонӣ, ту меарзӣ.

 

Ниҳонӣ медиҳад ҷонаш барои сулҳу осоиш,

Зи иқболат шуда амну фаровонӣ, ту меарзӣ.

 

Басо таҳлил ҳар иқдоми арзишманди ту кардем,

Сазовори ҳазорон шеъру дастонӣ, ту меарзӣ.

 Камол НАСРУЛЛО

РОҒУН БАШОРАТ АСТ

Роғун ҳақиқат аст,

К-эҳёи халқи мост,

Бунёди миллат аст!

Роғун ҳақиқатест,

Ки ин халқи покҷон

Соҳибасолат аст!

 

Роғун башорат аст,

Фардои хуби мо

Оғӯш боз кард,

Баъд аз ҳазор сол

Қақнус1 боз хест,

Парвоз боз кард.

 

Роғун адолат аст,

Бар халқи покҷон,

Подоши асрҳост,

Бар миллати накӯ

Подоши ранҷҳост,

Фармудаи  Худост.

 

Роғун ибодат аст

Бар нур, бар сафо,

Нуре, ки зинда буд

Андар ниҳоди мо!

Нуре, ки раҳнамост,

То даргаҳи Худо!

 

Роғун маҳорат аст,

Дору мадори мост,

Дорулиёри мост,

Роғун шарофат аст,

Подоши ҳиммати

Ҷони нисори мост!

 

Роғун саодат аст,

Нури сиришти мост,

Ин шӯълаи умед

Аз ҳафт пушти мост,

Аз сарнавишти мост,

Балки башорате

Аз Зардуҳишти мост!

 

Роғун муҳаббат аст,

Дар ҷони халқи мо

К-эзад сириштааст.

Ин ҳосили вафост,

Дар мазраи умед

К-ин халқ киштааст!

 

Роғун ҷасорат аст,

Дар умқи корзор,

Файзу  шарофати

Мардони  ҷоннисор

Пирӯз будан аст

Дар ҷабҳаҳои ор.

 

Роғун шаҳодат аст,

К-эҳёи тоҷикон

Танҳо шиор нест,

В-ин парчами баланд

Дар қуллаҳои шаън,

Ҷуз эътибор нест!

 

Роғун адолат аст!

Роғун асолат аст!

Роғун шаҳодати

Бахту саодат аст!

Афсонае куҷост?

Роғун ҳақиқат аст!

Роғун ҳақиқат аст!!!

 

Эй халқи покҷон!

Роғун намои туст!

Роғун ҷасорату

Аҳду вафои туст!

Роғун  шуои меҳр,

Роғун шуои бахт,

Роғун шуои туст!!!

Роғун шуои туст!!!

Давлат САФАР

Каъбаи нур аст Роғун, нур роғунмазҳаб аст!
Ояти шукронаи ТОҶИК доим дар лаб аст.
ПЕШВОИ мо чи хуш дар ҷодаи нурофарон,
Дар миëни Сарварони даҳр соҳибмактаб аст.

Орзу ИСОЕВ  

БА НУРОФАРОНИ РОҒУН

Хасм агар саргоҳи дарёро бубандад ногаҳон,
Пур шавад Роғун зи дарёи сиришки модарон.
Навҳа ояд аз димоғи сангҳои безабон,
Зери пои мардҳои аршади давру замон.
Лашкари зулмат шавад саркӯб дар авҷи набард,
Аз виқору иттиҳоди ин ҳама нурофарон.
Сарбаландӣ ҳеҷ гаҳ аз роҳи арзонӣ набуд,
Халқи мо онро ба даст овард бо нархи гарон.
Садди Роғун сангдеворест аз номуси мо,
Нест болотар аз ин девор дар рӯи ҷаҳон.
Ҳафт пушти мо ҳама зулматкуши нурофаранд
Дар паноҳи меҳани озодаву беҳтар зи ҷон!

  Мансур СУРУШ

АНВОРИ РОҒУН – ФАЙЗИ РӮЗАФЗУН

Тоҷиконро Роғун ҳотам мекунад,

Дар миёни халқ  муаззам мекунад,

Анвораш мамоликро қарин бо ҳам мекунад,

Ваҳдати халқи ҷаҳонро мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистонро гулистон чун боғи Ирам мекунад

Дар китоби таърих бо ҳарфи заррин рақам мекунад

Дар ҳама баҳру бар сарбаланд чун алам мекунад,

Ба мисли шаҳри қудсӣ мукаррам мекунад.

Зиндагиро гуворо чун оби зам-зам мекунад.

Рӯҳи моро қавӣ, дилҳоро бардам мекунад

Ҷумла захми кӯҳнаро марҳам мекунад

Оби зулолаш даштҳоро пурнам мекунад

Оре, Роғун манбаи беинтиҳои равшанист,

Файзбахшу  дилкушову ҷои хубу диданист.

Дониёр САНГИНӢ

РОҒУН – КОХИ НУР

Кохи нури тоҷикон, ҳам файзи ҳар хон Роғун аст,

Бораи болобаланду шуҳрату шон Роғун аст.

Нури Раҳмон халқро неру бибахшад доимо,

Дар ҳақиқат ғайрату шон, нури Раҳмон Роғун аст.

Халқи тоҷик солҳо бунёди онро интизор,

Рост гӯям, нуқтаи охири армон Роғун аст.

Баски ҳастем покдил, бо нияти хайру сафо,

Бар ҳаққу ҳамсояҳо дорем эҳсон, Роғун аст.

Иттиҳоду сарбаландӣ, халқу миллат сарфароз,

Ин нишон афзуд номи Тоҷикистон, Роғун аст.

Дониёро,  НОБ-и Роғун бин гулистон кишварам,

Фахри тоҷик, фарри тоҷик, тоҷи инсон Роғун аст!

Шамсиддин МУҚИМ

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Дар зери бори заҳмат сахтустухон расидӣ,

Аз фазл бартар ойӣ, маҳбуби ҷон расидӣ.

Сидқу садоқати ту дар кори мулк собит,

Фотеҳи номдори давру замон расидӣ.

Эй марди пурсаъодат, майдони корзорат,

Аз ҳиммати ту гӯяд, ҳин, қаҳрамон расидӣ.

Рӯзе, ки ҷанг омад, аз боби сулҳ гуфтӣ,

Паймонадори ваҳдат, аз Ломакон расидӣ.

Эй бо ту ёр миллат, бе ту бемор миллат,

Аз боргоҳи Олӣ бар имтиҳон расидӣ.

Ҷон дар гарав ниҳодӣ, то ҷони мо харидӣ,

Эй соҳиби матонат, ин ҷонфишон расидӣ.

Эй, аз ҷалолати ту, дорад камол миллат,

Эй ҷоннисори миллат, соҳибинон расидӣ.

Ин дам, ки Тоҷикистон ангуштари ҷаҳон аст,

Ту ҷавҳари нигинӣ, то дар миён расидӣ.

Эй мақдамат муборак, Эмомалии Раҳмон,

Ҳин, аз замини тоҷик чун олишон расидӣ.

Шоёни Тоҷикистон, шоёни ифтихорӣ,

Шойистаи муборак, вирди забон расидӣ.

Хонад чу Шамси динат, аз ҷону дил саломат,

Ҳам Рустами замонӣ, ҳам Достон расидӣ.

Исматулло НУРЗОД

РОҒУН

Зи бунёдат бақои ҷовидонӣ,

Бувад нури ту нури зиндагонӣ.

Нагардад чарх бе чархи ту гардун,

Хушо, аз ту нишони шодмонӣ.

Хушо бар гардишат, эй чархи гардун,

Расид фурсат, ки созем НОБ-и Роғун.

Фалакро рӯшноӣ з-офтоб аст,

Чу нури офтобе нури НОБ аст.

Заминро, ки дар ин сайёра моем,

Зиёву нур бахшидан савоб аст.

Хушо бар гардишат, эй чархи гардун,

Расид фурсат, ки созем НОБ-и Роғун.

Ба ҳар давре нигоҳи тоза бояд,

Назартангӣ дар ин ҷода нашояд.

Раҳи ҳамбастагиву ҳамдилиро,

Ба мо Роғун, фақат Роғун кушояд.

Хушо бар гардишат, эй чархи гардун,

Расид фурсат, ки созем НОБ-и Роғун.

 

Ноябрь 16, 2018 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» масолеҳи сохтмонии баландсифат истифода мешавад
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад