Рустами Эмомалӣ ба роҳбарони корхонаҳои хусусигардонидашудаи шаҳри Душанбе огоҳӣ дод

Ноябрь 8, 2018 08:25

ДУШАНБЕ, 08.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳа гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Мақсад аз  таъсиси гурӯҳи мазкур   ба роҳ мондани ҳамкорӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои хусусигардонидашудаи пойтахт ва таъмин намудани талаботи мардум бо молҳои ватанӣ, кор ва хизматрасонӣ  мебошад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд,  ин иқдом бо мақсади  иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» вобаста ба таъмин намудани талаботи мардум бо молҳои ватанӣ, кор ва хизматрасонӣ роҳандозӣ мегардад.

Тибқи қарори  мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе -сарпарасти соҳа,  якҷоя  бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва гурӯҳи корӣ вазифадор гардидаанд, ки  ҷиҳати таҳлили вазъи фаъолият ва ба кор даровардани корхонаҳои хусусигардонидашудаи  пойтахт, инчунин ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ  тадбирҳои зарурӣ  андешанд.

Ҳамчунин  Раиси шаҳр бо ин қарор ба масъулин  супориш дод, ки ба  роҳбарони корхонаҳои хусусигардонидашудаи шаҳри Душанбе  ҷиҳати барқарор ва тибқи таъйинот ва мақсад истифода бурдани корхонаҳои зикргардида, қитъаҳои замини ба онҳо вобасташуда барои дар муддати 6 моҳ (то 1 апрели соли 2019) ислоҳ кардани камбудиҳо огоҳнома ирсол намоянд.

Бо ин қарор ҳамчунин гурӯҳи корӣ муваззаф гардидааст,  ки  дар сурати барқарор накардани фаъолияти корхона ва мувофиқи мақсад истифода набурдани қитъаҳои замини ба онҳо вобасташуда масъалаи ба манфиати давлат бозпас баргардонидани корхона ва қитъаи заминро дар асоси талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ дида баромада, таклифҳо манзур намояд.  Гурӯҳи корӣ инчунин вазифадор гардидааст, ки  аз натиҷаи иҷрои корҳо  то 1 майи соли 2019 маълумоти муфассал пешниҳод намояд.

 

Ноябрь 8, 2018 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид