Саҳми Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»

Ноябрь 12, 2018 13:49

ДУШАНБЕ, 12.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббусҳои нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ, аз қабили эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», таъсис додани Консорсиуми байналмилалӣ доир ба истифодаи оби кӯли Сарез, Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷумлаи муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Даҳсолаи мазкур ташаббуси бузурги башардӯстонае ба шумор меравад, ки дар амал татбиқ намудани он ба ҳаёти миллиардҳо сокинони сайёра беҳбудӣ меорад ва эътибори Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускори ин иқдом боло мебарад.

Вобаста ба ин, 31 октябри соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ доир гардид, ки дар он мавзӯи амалӣ гардидани ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои  2018-2028» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласа намояндагони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Тоҷикистон сухан гуфта, оид ба рафти амалӣ гардидани ташаббуси нави Тоҷикистон дар масъалаи об, Конференсияи байналмилалии сатҳи баланди дар шаҳри Душанбе баргузоргардида, раванди татбиқ ва барномаҳои дар доираи Даҳсолаи мазкур қабулгардида ва дурнамои онҳоро шарҳу эзоҳ дода, ба саволҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ посух гуфтанд.

Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ барои пайдо намудани роҳҳо ва механизмҳои ҳалли масъалаҳои муҳими марбут ба об ва ҳалли проблемаҳои мавҷудаи ҷомеаи имрӯза дар самти мазкур назару андешаҳои худро иброз карда, пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд. Аз ҷумла, пешниҳод шуд, ки:

Дар Тоҷикистон Маркази минтақавии дипломатияи обию энергетикӣ бо иштироки созмонҳои байналмилалӣ ташкил карда шавад. Он имкон медиҳад Тоҷикистон аз давлати дорои захираҳои энергетикӣ ба давлати пешсафи истеҳсолкунанда ва содиркунандаи гидроэнергетика дар минтақаю ҷаҳон табдил гардад. Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст лоиҳаи Консепсия ва Низомномаи Маркази дипломатияи обию энергетикиро таҳия ва пешниҳод намояд.

Дар доираи конфернсияҳое, ки ҳар ду сол гузаронида мешаванд ва дар онҳо навовариҳою натиҷаҳои татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мавриди баррасӣ қарор мегиранд, панели илмӣ созмон дода шавад ва дар он бо ҷалби олимони тоҷику Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар шарикони байналмилалӣ мақолаҳои илмӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар шакли маҷаллаи алоҳида нашр карда шаванд.

«Харитаи роҳҳо»-и ҳалли масъалаҳои марбут ба амалишавии ташаббуси глобалии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандии кишвар таҳия карда шавад.

Ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ тариқи омода намудани маводи интишорӣ, филмҳои ҳуҷҷатӣ, сураталбомҳо ва филмҳои кӯтоҳмуддат бо забонҳои гуногун оид ба масъалаҳои об, сиёсат ва таҷрибаи кишвар дар ҳалли масъалаҳои об ба нақшаҳои кори худ ворид намуда, обҳои Тоҷикистон ва имкониятҳои истифодаи онро ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ намоянд.

Бахшида ба ин ташаббуси нави Тоҷикистон, дар сатҳи ҷумҳуриявӣ маъракаи калони иттилоотӣ, ки дар доираи он овезаҳои калонҳаҷм, электронӣ дар бораи фарҳанги истифодаи об мунтазам намоиш дода шаванд, оид ба ташаббуси навбатии Тоҷикистон озмуни филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ ташкил карда шавад ва викторинаҳои шаҳриву ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ барои васеъ гардонидани савияи дониши ҷавонон дар бораи об гузаронида шаванд.

Дар шароити замони муосир экспедитсияи нави илмӣ-тадқиқотӣ бо ҷалби олимон ва мутахассисони варзида ташкил карда шавад, ки тариқи истифодаи технологияҳои навтарин иқтидори  захираҳои табиии Тоҷикистон аз нав тадқиқ карда шавад.

Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти муҳим будани ин мавзӯъ мунтазам ба он таваҷҷуҳ карда, азм дорад роҳҳои боз ҳам бештар комёб шудан дар ин соҳаро аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ мушаххас созад.

Н.САИДОВ,
котиби ҳамоҳангсози
Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 12, 2018 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфи соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Брюссел дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба аъзои беҳтарини Лигаи ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол доир гардид
Ҳунармандони Беларус ба сокинони шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон масоили мубориза бо экстремизм ва терроризм баррасӣ шуд
Барои хизматчиёни давлатӣ машғулияти такмили ихтисос гузаронида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
Дар Хуҷанд вобаста ба масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити муосир конференсия баргузор гардид
Дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 манзили истиқоматӣ супорида шуд