Сардухтури Маркази тиббии «Хорев»-и Исроил Роман Барак: «Ояндаи наздик дар Тоҷикистон намояндагии беморхонаи мо ифтитоҳ мегардад»

Ноябрь 9, 2018 11:30

ДУШАНБЕ, 09.11.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Маркази тиббии «Хорев» -и Исроил ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе намояндагии худро ифтитоҳ менамояд. Дар ин бора   зимни нишасти матбуотие, ки дар пойтахти Тоҷикистон баргузор гардид, сардухтури он, президенти кумитаи тадорукоти ҷоизаи «Золотой Гиппократ» Роман Барак ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Дар нишасти мазкур гурӯҳи табибони исроилӣ, ки тайи ду рӯзи охир ба мутахассисони тоҷик дар беморхонаи «Истиқлол» дарси машваратӣ гузарониданд ва доираи васеи рӯзноманигорон иштирок намуданд.

«Мо имрӯз бо ҳайати ҳамкоронамон – профессорон, ки дар самтҳои гуногун дар беморхонаи «Хорев» фаъолият мекунанд ва аксарияти онҳо сардухтурони Вазорати тандурустии Исроил мебошанд, дар ин ҷо қарор дорем. Ин ҳайат  дар тамоми мамлакатҳо фаъолият мекунад. Маркази тиббии мо дар зиёда аз 60 мамлакати олам намояндагӣ дорад. Ин бори аввал аст, ки мо дар шаҳри Душанбе қарор дорем ва баъди баргузории мулоқоту машварати дуҷониба бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздикӣ дар ин шаҳр намояндагии Маркази тиббии  «Хорев»-ро ба истифода медиҳем»,-гуфт Роман Бабак.

Ба гуфтаи номбурда, мақсади асосии сафари ҳайати онҳо ба Тоҷикистон- ин ба зинаи нав баровардани тибби  мамлакат мебошад. Барои амалӣ гардонидани ин ҳадаф нафаре, ки мехоҳад мутахассиси соҳаи тиб шавад, бояд аз давраи мактабӣ забони англисиро хуб омӯзад. Ин ба хотири он, ки имрӯз тибби ҷаҳонӣ бо ин забон рушд дорад.

Дар нишаст инчунин профессор, шахси намоёни соҳаи бемориҳои чашм дар Исроил, директори Институти бемориҳои чашми Маркази  тиббии «Хорев» Дэвид Исраэл, ки дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, ба воя расидааст, сухан кард.

Дар охири нишаст Роман Барак зикр намуд, ки хизматрасонии Маркази тиббӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дастрас хоҳад буд, зеро мақсади асосии онҳо пешниҳоди хизматрасонии босифату гуногуни тиббӣ ва наҷот додани мардум аз бемориҳои табобатшаванда мебошад.

Ноябрь 9, 2018 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид