Шералӣ Раҳматуллоев: «Пешниҳод карда шуд, ки соли 2019 Соли бехатарии озуқа, ғизои тоза ва тарзи ҳаёти солим эълон карда шавад»
ДУШАНБЕ, 03.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, ки соли 2019 Соли бехатарии озуқа, ғизои тоза ва тарзи ҳаёти солим эълон карда шавад. Ин матлабро дирӯз зимни нишасти матбуотӣ бахшида ба Шарҳи якҷояи соли ҳаштуми татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев баён дошт.
Зикр шуд, ки бехатарии озуқа ва ғизои солим самти афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, яке аз масъалаҳои стратегии сеюм ба ҳисоб меравад.
«Мутаассифона, дар Тоҷикистон он ғизое, ки мо истеъмол мекунем, сифатан мувофиқ нест, аз ин хотир 38 фоизи занҳо бо вазни зиёд, 11 фоиз занҳои лоғар, 18 фоиз кӯдакони қадпаст ва 10 фоиз кӯдакони камвазн ба қайд гирифта шудаанд. Барои ҳалли ин мушкилӣ мо имрӯз тадбирҳои зиёд андешида истодаем»,- зикр кард Ш.Раҳматуллоев.
Зимни нишасти матбуотӣ баён дошта шуд, ки дар ҷумҳурӣ «Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ» тадбиқ шуда истодааст. Дар доираи он дар 52 мактаби таҷрибавӣ таъмир ва таҷҳизонидани ошхонаҳо ва омӯзонидани ошпазон доир гардида истодааст. Стратегияи мазкур то соли 2027 амалӣ гардида, дар доираи он зина ба зина тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ бо ғизои солим таъмин карда мешаванд.
Бояд зикр намуд, ки зимни Шарҳи якҷояи соли ҳаштуми татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» дар шаҳри Душанбе дастовардҳои низоми тандурустӣ дар марҳилаи солҳои 2010-2018 ва саҳми Шарикон оид ба рушд дар амалисозии Стратегияи мазкур дар соли 2018 баррасӣ гардид.








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






