Шоми имрӯз Рӯзи театри тоҷик ва 80-солагии оҳангсози маъруф Фаттоҳ Одина таҷлил мегарданд

Ноябрь 7, 2018 15:20

ДУШАНБЕ, 07.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Рӯзи театри тоҷик ва 80-солагии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи  давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, композитор Фаттоҳ Одина таҷлил карда мешаванд.

Дар маросим театрҳои шаҳри Душанбе бо порчаҳо аз намоишҳо ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, ки Фаттоҳ Одина оҳангсози маъруфи тоҷик, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон, узви Иттифоқи оҳангсозон ва Иттифоқи синамогарону ходимони театрии Тоҷикистон, лауреати мукофоти ба номи А. В. Александров ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад.

Ӯ дар аксар жанрҳои мусиқӣ асар офаридааст. Аз ҷумла, операҳои «Парасту» (1967) ва «Бузаки ҷингилапо» (1985) асарҳои калони саҳнавии оҳангсозанд. «Увертюраи ҷавонӣ» (1961), достони симфонии «Ленин дар Помир» (аз рўи достони М. Миршакар, 1967), достонҳои вокалӣ-симфонии «Падарамро набаред» (барои овозҳои сопрано, баритон ва оркестри симфонӣ, 1982), «Бародарам» (порча аз достони «Мавҷҳои Днепр»-и М. Қаноат), ки дар онҳо бахту саодати ҷавонӣ,  доғи ҷанг, ғалабаи халқи шӯравӣ бар фашизм тасвиру васф шудаанд, аз зумраи асарҳои беҳтарини оҳангсоз ба ҳисоб мераванд. 

Ф. Одина муаллифи 8 сюитаи вокалӣ-хореографӣ ва 4 драмаи мусиқӣ буда, зиёда аз 25 асари камеравӣ эҷод намудааст. Сюитаҳои вокалӣ-хореографии «Чорзарб» (навоҳои Ш. Ҷўраев, 1972), «Ман доғ» (1977), пйессаҳои консертии «Фалак» (1973) ва «Насими кўҳсор» мазмун ва ғояи баланд доранд.

Ў инчунин барои 6 кинофилм ва 6 намоиши театрӣ мусиқӣ эҷод карда, муаллифи зиёда аз 100 суруд мебошад. Эҷодиёти ў асосан мавзўъҳои ватандӯстиву худшиносии миллиро дар бар мегирад.

 

Ноябрь 7, 2018 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид