Сокинони шаҳри Роғун ба истиқболу пазироии меҳмонон омода мебошанд
РОҒУН, 10.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президент ва ба истифодадиҳии агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар шаҳри Роғун корҳои ободонию созандагӣ бо вусъати дучанд идома доранд. Сокинону соҳибкорон ва роҳбарияти ташкилоту муассисаҳои шаҳр барои хуб пешвоз гирифтани меҳмонон дар ин рӯзи таърихӣ омодагиҳои ҳамаҷониба дида истодаанд.
Имрӯзҳо баробари ба шаҳри Роғун ворид шудан кас рӯҳу илҳоми тоза гирифта, аз дидани биноҳои замонавӣ, чароғонии кӯчаю растаҳо, асфалтпӯш шудани роҳҳо, ободонии фароғатҷойҳо, майдончаҳои солимгардонӣ, рангобарангии биноҳои баландошёна ва гулу гулгаштҳо худро дар дунёи афсонавӣ эҳсос мекунад. Ин ҳама созандагиҳо ба ҳусни шаҳр зебоии дигар зам карда, онро ҳамчун шаҳри энергетикӣ дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.
Тибқи иттилои директори Корхонаи воҳиди давлатии “СОКО ва ХМК”-и шаҳри Роғун Одина Ёров, кормандони онҳо то имрӯз дар шаҳр 2024 бех дарахтони ҳамешасабз ва зиёда аз 50 ҳазор бех гулҳои ҳамешасабзу мавсимӣ шинондаанд. Инчунин барои таблиғу ташвиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни аҳолӣ дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 300 адад овезаҳо насб карда шудаанд.
Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маркази шаҳри Роғун гӯшаҳои ҳунарҳои мардумӣ ба истифода дода шудаанд, ки меҳмонону сокинон бо ҳунарҳои мардуми ин минтақа аз наздик шинос мешаванд.
Имрӯзҳо сокинони шаҳри Роғун дар шанбегию ҳашарҳои умумӣ фаъолона иштирок намуда, шаҳрро барои истиқболи меҳмонон пурра омода менамоянд.
Иншооти баландошёнаи маркази шаҳр пас аз даврони Шӯравӣ рӯи таъмирро надида буданд. Ҳоло барои омодагӣ ба истиқболи ҷашнҳои фархунда 30 иншооти баландошёна аз ҳисоби мардуми шаҳр таъмири ҷорӣ шуда, ин биноҳо бо рангҳои гуногун маркази шаҳрро зеботар намудаанд.
Муовини якуми раиси шаҳри Роғун Исмоил Раҳимзода мегӯяд, ки «ба истифода додани агрегати якуми НБО «Роғун» дар Рӯзи Президенти Тоҷикистон рӯйдоди муҳим ва таърихӣ мебошад. Ин рӯзи хушбахтӣ барои мардуми тоҷик бо шуҷоатмандӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Сокинони Роғуншаҳр барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани ин рӯзи таърихӣ ҳамаҷониба саҳми худро гузошта, ба истиқболу пазироии меҳмонон пурра омода мебошанд».













Шуруъ аз 18 феврал сокинони Тоҷикистон 16 соат дар як шабонарӯз бо неруи барқ таъмин мегарданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад






