ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, панҷшанбе, 319-умин рӯзи соли 2018 аст

Ноябрь 15, 2018 08:00

15 ноябри соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Саммити ҷаҳонӣ оид ба ҷомеаи иттилоотӣ ба Ҷумҳурии Тунис сафар карданд.

***

84  сол муқаддам, 15 ноябри соли 1934 дар шаҳри Душанбе корхонаи мошинтаъмиркунӣ ба фаъолият оғоз намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1936 аввалин маротиба пахши телевизионии бозии футбол миёни дастаҳои футболи Германия ва Италия ба роҳ монда шуд.

15 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумироссиягии даъватшавандагон.

***

Дар Бразилия- Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Қазоқистон — Рӯзи асъори миллӣ.

***

Дар Фаластин – Рӯзи истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

15 ноябри соли 1946 Шӯрои Вазирони Тоҷикистони Шӯравӣ матн ва оҳанги Суруди миллии Тоҷикистони Шӯравиро (шеъри Абулқосим Лоҳутӣ ва оҳанги Сулаймон Юдаков) тасдиқ кард.

***

3 сол пеш, 15 ноябри соли 2015 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки варзишгари тоҷик Акмалиддин Каримов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо  дар Марокаш медали нуқра ба даст овард.

***

15 ноябри соли 1926 дар Ню-Йорк ширкати Эн-Би-Си пахши барномаҳояшро оғоз намуд.

***

61 сол пеш аз ин, 15 ноябри соли 1956 дар Миср қувваҳои ҳарбии СММ фуруд омаданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1968 Конститутсияи нави Юнон ба амал баромад, ки озодии шахсро маҳдуд мекард.

***

15 ноябри соли 1993 дар Қазоқистон асъори миллии тенге ба муомилот бароварда шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1837 дар Англия аввалин китоби дарсии стенография (усули тез навиштани нутқ бо аломатҳои махсус)  ба нашр расид.

 ***

Соли 1995 дар Тайланд дарозтарин парчам дар ҷаҳон омода гардид, ки қариб 8 километр дарозӣ дошт.

 Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

 

Ноябрь 15, 2018 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш