ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, ҷумъа, 320-умин рӯзи соли 2018 аст
16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
***
6 сол пеш, 16 ноябри соли 2012 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Кохи Борбад”-и пойтахт бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 маросими ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намудани роҳбари навинтихоби давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳи хосса доир шуд.
16 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Тоҷикистон – Рӯзи ПРЕЗИДЕНТ.
***
Рӯзи байналмилалии пуртоқатӣ.
***
Дар Украина – Рӯзи кормандони радио, телевизион ва алоқа.
РӮЙДОДҲО:
16 ноябри соли 2009 дар ҷараёни машварати корӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки саҳмияҳои НБО «Роғун» ҳарчи зудтар омода карда шаванд, то аз рӯзҳои аввали соли 2010 онҳо баҳри ҷалби сармояи иловагӣ ба сохтмони ин иншооти тақдирсоз ба фурӯш бароварда шаванд.
***
16 ноябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе маросими ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон дар Тоҷикистон баргузор шуд.
***
102 сол муқаддам, 16 ноябри соли 1906 дар Англия авввалин камера ихтироъ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1933 миёни ИМА ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ муносиботи дипломатӣ барқарор гардиданд.
***
16 ноябри соли 1946 дар Париж Шӯрои байналмилалии осорхонаҳо таъсис ёфт.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2016 аввалин маротиба дар Тоҷикистон Рӯзи Президент таҷлил карда шуда буд.
***
Соли 1824 дарёи Муррей – дарозтарин дарё дар Австралия кашф карда шуд.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад









Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






