«ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ҶАҲОЛАТУ ГУМРОҲӢ». Бо чунин унвон китоби нависанда Садриддини Ҳасанзод рӯнамоӣ гардид

Ноябрь 27, 2018 17:10

ДУШАНБЕ, 27.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Терроризм ва экстремизм – ҷаҳолату гумроҳӣ»-и нависанда ва рӯзноманигори тоҷик Садриддини Ҳасанзод рӯнамоӣ карда шуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ хабар медиҳад, дар ҷамъомад як зумра олимону донишмандон, адибон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони воситаҳои ахбори омма ва ҷавонону донишҷӯён иштирок доштанд.

Шоир Давлат Сафар иброз дошт, ки таълифи китоби мазкур саривақтист, зеро дар ҷомеаи имрӯза терроризм ҳамчун зуҳуроти хатарзо ба амнияти ҷомеъа ва ҷони инсонҳо таҳдид намуда, қурбониҳои зиёде ба миён овардааст. Ҳарчанд ин вабои аср дар гузашта низ домангири ҷомеъаи инсонӣ буд, вале охири асри ХХ он дар ҳошияи равандҳои ҷаҳонишавӣ бо суръат ташаккул ёфта, ба яке аз хатарҳои мудҳиштарин табдил ёфтааст.

Мавсуф иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ин нуктаро таъкид намудаанд, ки «имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст». Сарвари давлати мо ҳамчун ташаббускори ҳалли масоили глобалӣ аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳониро аз пайомадҳои даҳшатбори терроризму ифротгароӣ ҳушдор дода, ҳамагонро ба муборизаи муштарак алайҳи ин зуҳуроти номатлуб даъват намудаанд.

«Дар китоби мазкур низ рукнҳои асосии таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи созандагӣ ва садоқат ба музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ, моҳияти ибодат ва ибодатгоҳҳо, масъулияти диндорон, омилҳои падид омадани низоъҳои динию мазҳабӣ, пешгирии хурофот, ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, танзими расму оини ниёгон, сарфаву сариштакорӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд»,- афзуд Давлат Сафар.

Мавриди зикр аст, ки дар китоб масъалагузорӣ, ҳалли мавзӯъҳои гузошташуда аз тарафи муаллиф ҷасурона ва ҳирфавӣ ҳаллу фасл шудаанд. Ӯ бо далелҳои муътамад дар доираи ҷаҳонбинии пурвусъат қазияи ба дин гаравидан, печидагиҳои ақидавӣ, бегонапарастиҳои муосиронро, ки тамоюли шиддат гирифтан доранд, ошкор сохта, ҳамагонро аз ин хатар огоҳ сохта, ҷомеаро ба сарҷамъона камар бастан дар тарбияи насли ҷавони кишвар даъват менамояд.

Зикр гардид, ки китоби мазкур дастури хуби таълимӣ буда, имкон медиҳад таълиму тарбия  ва камолоти маънавии насли наврас баланд бардошта шавад.

Тавре муаллифи асар Садриддини Ҳасанзод баён дошт, раванди воқеаҳои ҷаҳони имрӯз шаҳрвандонро водор менамояд, ки даст ба дасти ҳам гузошта, барои ваҳдату якдилӣ ва якпорчагии кишварамон сарҷамъ бошанд. Рисолати ҳар як шаҳрванд аст,  ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои ободии Ватан бо дилу нияти пок заҳмат кашад.

«Маҳз ҳаводису воқеоти кишварҳои ноамн маро водор намуд, ки ба таълифи чунин асар машғул шавам. Хуб мешуд, ки аз ҷониби нависандагони тоҷик таълифи чунин китобҳо зиёдтар шавад. Мақсади таълифи асар  он аст, ки ҷавонон бояд худогоҳ бошанд, дар ҷаҳони пурталотум мавқеи устувори шаҳрвандии худро нигоҳ дошта, дар пешрафт, ободӣ ва суботи мамлакат саҳмгузор бошанд. Зеро тадқиқот муайян намудааст, ки паст будани маърифати сиёсӣ ва надоштани саводи комил сабаби асосии ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ҷудоихоҳ шомил гардидани ҷавонон мебошад»,- зикр кард Садриддини Ҳасанзод.

 

Ноябрь 27, 2018 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид