ТОҶИКИСТОН БА ОЗОДИИ ВАО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС ЗОҲИР МЕНАМОЯД. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ дар ин бора дар конференсияи байналмилалӣ дар шаҳри Остона сухан гуфт

Ноябрь 13, 2018 10:00

ДУШАНБЕ, 13.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 150 нафар коршиносони ВАО дар конференсияи 20-уми воситаҳои ахбори омма барои кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Дурнамои рӯзноманигорӣ», ки 7-8 ноябр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон доир гардид, ширкат намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш зиёда аз 20 нафар  мутахассисон, аз ҷумла сармуҳаррири Нашрияи расмии ҶТ «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармутахассиси Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиҷон Шоназаров, хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев, раиси Шӯрои ВАО Тоҷикистон Шаҳло Акобирова ва дигарон намояндагӣ карданд.

Дар конференсия масъалаҳои марбут ба сифати иттилоот ва ояндаи рӯзноманигорӣ дар давраи фановарӣ, «хабарҳои бедалел» ва бардурӯғ, инчунин шарҳи вазъи озодии баён дар ВАО-и минтақа, ташаббуси сохторҳои қонунгузорӣ, амнияти журналистон, шаффофияти ВАО, стандартҳои касбӣ ва ғайра  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ дар бораи вазъи озодии баён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуд.

«Озодии баён, озодии матбуот ва дастрасӣ ба иттилоот яке аз хиштҳои аввалини ниҳоди ҷомеаи демократӣ аст, ки ҳуқуқи инсон ва волоияти қонунро  таъмин мекунад», — гуфт ӯ зимни суханронӣ.

Ӯ зикр кард, ки давоми 20 сол барои таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар як шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 30 санади меъёриву ҳуқуқӣ қабул шудаанд, инчунин як қатор санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ эътироф ва татбиқ шуда истодаанд.

Ҳамаи ин сол то сол ба афзоиши сифати воситаҳои ахбори омма мусоидат мекунад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки то якуми январи соли 2018 дар Тоҷикистон 371 рӯзнома, аз инҳо 109 – давлатӣ ва 262 ғайридавлатӣ, 243 маҷалла,  аз инҳо 113 давлатӣ ва 130 ғайридавлатӣ, 313 матбаа,  аз инҳо 36 — давлатӣ, 277 – ғайридавлатӣ, 45 – нуқтаи фурӯши китоб, аз ин 3- давлатӣ, 42 – ғайридавлатӣ, 71- нашриёт, аз ин 10 – давлатӣ ва 61 – ғайридавлатӣ, 11 –Агентии иттиллоотӣ, аз ин 1- давлатӣ ва 10 – ғайридавлатӣ ба қайд гирифта шуданд.

Дастовардҳои соҳаи радио ва телевизион шаҳодати далели дигари ин гуфтаҳост. Имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 70 шабакаҳои радио ва телевизионӣ, аз ҷумла, 10 телевизиони давлатӣ ва  31 шабакаи телевизионии ғайридавлатӣ    фаъолият доранд.

Номбурда дар идомаи мавзӯъ зикр кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ соли 2012 дар ҷашни 100-солагии матбуоти тоҷик таъкид намуданд, ки «танқид ҳамчун падидаи созанда яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа мебошад, зеро озодии андеша, назари интиқодӣ ва таҳлилӣ ба далелу рӯйдодҳои ҷомеа сабаби ошкор шудани нуқсу камбудиҳо ва ислоҳу пешрафти фаъолияти ин ё он соҳа мегардад. Дар баробари ин танқид бояд ба таҳлили ҷиддӣ ва  далелҳои эътимоднок такя кунад».

Суханони Сарвари давлат аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба неруи созандаи журналистика баҳои сазовор медиҳад ва барои бартараф кардани мушкилоти мавҷуда ба суханони рӯзноманигорон ҳамчун набзи ҳассоси ҷомеаи шаҳрвандӣ гӯш медиҳад.

Дастовардҳои рӯзноманигорон зимни инъикоси дурнамои сиёсати Пешвои миллат эътироф шудаанд. Ҳамасола ташкилотҳои байналмилалии вобаста ба фаъолияти рӯзноманигорон вазъи озодии баёнро дар мамлакатҳои дунё таҳлил мекунанд. Хушбахтона, тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ, Тоҷикистон дар қиёс бо бисёр кишварҳо аз дидгоҳи озодии баён пешрафта мебошад. Яке аз омилҳои ин  дастовард  ҳамкории Ҳукумат ва ҷомеаи журналистӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷуда ва бартараф кардани камбудиҳо мебошад.

Фаъолияти озод ва расмии бисёр ВАО-и хориҷӣ, аз ҷумла радиои «Озодӣ» «ВВС»,  «Немецкая волна» дар Тоҷикистон аз эҳтироми Ҳукумати кишвар ба  озодии баён дарак медиҳад.

«Имрӯз ягон мавзӯи дорои аҳамияти ҷамъиятие нест, ки дар воситаҳои ахбори оммаи кишвар инъикос наёфта бошад», — гуфт Мавҷуда Анварӣ.

Ғайр аз ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор  ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» аз шахсони мансабдор талаб мекунад, ки ин гуна маводро бо тартибе, ки қонун пешбинӣ намудааст, баррасӣ намоянд ва оид ба натиҷаҳои он ба ВАО ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ диҳанд.

Соли 2012 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  модаҳои  вобаста  ба «тӯҳмат» ва «таҳқир» аз Кодекси ҷиноятӣ хориҷ  ва ба Кодекси шаҳрвандӣ ворид карда шуданд.

Моҳи августи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни нав «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ»-ро ба тасвиб расонид ва айни замон барои татбиқи он тадбирҳои зарурии ташкилӣ андешида шуда истодаанд.

«Муҳим он аст, ки имрӯз мо ҳамаи масъалаҳои марбут ба таъмини ҳуқуқи конститутсионии ҳар як инсон ба озодии баён, матбуоти озод ва дастрасии озод ба маълумоти ҷамъиятиро, ки дар асоси эътирофи ҳуқуқ ва ҳокимияти қонун муайян карда шудаанд, ба даст овардем », — зикр кард хабарнигори АМИТ «Ховар» зимни суханронии худ.

Ёдовар мешавем, ки Конференсияи ВАО-и САҲА ҳамасола дар яке аз пойтахтҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.

Имсол дар муқоиса бо солҳои қаблӣ дар Конференсияи мазкур тақрибан 20 нафар намояндагони Ӯзбекистон ва Туркманистон ширкат варзиданд.

Ноябрь 13, 2018 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Чангоб» 220 нафар кӯдакони ятими кулл, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷиксуғурта» ба шаҳрвандон ва ташкилот беш аз 1,1 миллион сомонӣ ҷуброни суғуртавӣ пардохт намуд
Президенти Тоҷикистон: «Сифати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳанӯз ба талабот пурра ҷавобгӯ нест»
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин мебошанд
Дар Душанбе беш аз 13 ҳазор нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Волоияти қонун асоси устувории давлат ва шарти муҳими зиндагии осоиштаи мардум аст»
Дар марказҳои касбомӯзии Тоҷикистон беш аз 20 касби серталаб омӯзонида мешаванд
ОГОҲӢ! Аз 15 то 18 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 25 ихтисоси нав дар соҳаи саноати металлургияи сиёҳ таъсис меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 4700 нафар машғулияти кӯтоҳмуддати касбомӯзиро хатм намуданд
Дар деҳаҳои Дарғ ва Каздони ноҳияи Айнӣ бар асари омадани сел хисороти зиёд ба қайд гирифта шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 шаш санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифт