Вазири фарҳанги Давлати Қатар: «Аз ҳунари баланди санъаткорони тоҷик хеле хушҳол шудам»
ДУШАНБЕ, 26.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 24 ноябр дар шаҳри Давҳа Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар оғоз гардиданд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Тоҷиддини РИЗВОН аз Давлати Қатар иттилоъ дод, ки маросими ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳандозии барномаи консертӣ, намоиши мусаввараҳо, аксҳо ва ҳунарҳои мардумӣ ифтитоҳ гардид.
Ба иттилои Тоҷиддини Ризвон, 24 ноябр тантанаҳои расмии Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар Театри драмавии «Қатара»-и Давлати Қатар бо суханони ифтитоҳии вазирони фарҳанги ҳарду кишвар- Шамсиддин Орумбекзода ва Шайх Солеҳ Ғоним Ал-Алӣ оғоз ёфтанд.
Меҳмонон қабл аз шурӯи барномаҳои консертӣ аз намоиши мусаввараҳову ҳунарҳои мардумӣ ва дигар дастовардҳои ба намоишгузошта дидан карданд.
Ҳангоми тақдими барнома таваҷҷуҳи меҳмононро, ки шаҳрвандони шаҳри Давҳа ва намояндагиҳои корпусҳои дипломатии муқими Давлати Қатар ташкил медоданд, намудҳои гуногуни рақсу сурудҳои ҳунармандони тоҷик ҷалб намуд.
Баъд аз поёни барномаи консертӣ Вазири фарҳанги Давлати Қатар гуфт: «Ростӣ, ман баъд аз қисмати аввали барнома мебоист тибқи нақша аз толор мебаромадам, вале шавқи тамошои ҳунармандони тоҷик монеи нақшаи фориғ шудани банда гашт. Аз ҳунари баланди санъаткорони тоҷик хеле хушҳол шудам».
Барномаҳои Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар рӯзи 25 ноябр бо ҳузури намояндагони ҳайати кишвар бо шиносоӣ аз Китобхонаи миллии ин кишвар идома ёфт ва меҳмонон бо фаъолияти он шинос шуданд.
Баъд аз боздид аз ин боргоҳи дониш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» (бо забони арабӣ) ва китоби академик Бобоҷон Ғафуров- «Тоҷикон»-ро ба мудири ин китобхона ҳамчун ҳадя такдим намуд.
Ба гуфтаи мудири китобхона, дар баробари 3 миллион китоби ин махзан, донишҷӯёну кишваршиносон бо тамаддуни бостонӣ ва фарҳанги тоҷикон бештар шинос мешаванд.


















Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






