Владимир Жириновский: «Мо бояд аз истифодаи истилоҳи «авф» нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ худдорӣ намоем»

Ноябрь 1, 2018 15:55

ДУШАНБЕ, 01.11.2018/АМИТ «Ховар»/. Мо тасмим дорем, ки дар оянда  тарҳи қонунеро «Дар бораи  мақоми махсуси  шаҳрвандони  Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи  Россия»  пешниҳод ва қабул намоем, то онҳо тавонанд озодона рафтуо намоянд. Ин нуктаро дар суҳбат бо хабарнигорон  дар Душанбе Раиси Ҳизби либерал-демократии Россия Владимир Жириновский баъд аз мулоқот бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баён дошт.

Мавсуф афзуд, ки чунин раванд  ба баланд бардоштани  мақоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Россия  фаъолият менамоянд, мусоидат хоҳад кард. «Мо мехоҳем ҳатто замимаеро дар шиносномаҳои миллии шаҳрвандони Тоҷикистон бо забони русӣ илова созем, то полис ҳангоми тафтиш бинад, ки маълумот дар бораи ин шаҳрванд бо забони русӣ ҳам сабт шудааст»,- изҳор дошт В. Жириновский.

Зикр шуд, ки дар оянда Ҳизби либерал- демократии Россия тасмим дорад  дар Тоҷикистон Маркази захиравӣ  барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Россия барои кор мераванд,  таъсис дода, дар он омӯзиши забони русӣ ва ихтисосҳоро ба роҳ монад. Инчунин он барои фиристонидани омӯзгорони забони русӣ ба Тоҷикистон ва китобу адабиёти  гуногун  мусоидат  хоҳад кард.

Дар посух ба саволи хабарнигорон дар иртибот ба  авфи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки қаблан аз қаламрави Россия бо сабабҳои гуногун хориҷ гардидаанд,  Владимир Жириновский гуфт, ки «мо бояд дигар аз истифодаи истилоҳи «авф» нисбат ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон,  ки аз ҳудуди Россия ихроҷ гардидаанд, худдорӣ намоем, зеро муҳоҷирони меҳнатӣ ҷиноят содир накардаанд. Онҳо  аз ҳудуди Россия аз ҷониби мақомоти марбута бо сабабҳое ихроҷ карда шудаанд, ки ба  надонистани қонунҳои буду бош дар қаламрави Россия,  ба мисли  реҷаи шиносномавӣ, дар ҷои зист ба қайд нагирифтан, напардохтани андоз ва дигар ҳуҷҷатҳо иртибот доранд. Ин нафарон аз варақаи ихроҷшудагон озод карда шуда ва ё  аз «рӯйхати сиёҳ» бароварда мешаванд ва ҳуқуқ доранд, ки озодона ба Россия сафар намоянд»,-таъкид кард бо ҳимоя аз ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Россия Владимир Жириновский.

Ноябрь 1, 2018 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон