Зиёда аз 2 000 нафар сарбозони қӯшунҳои сарҳадӣ савганд ёд карданд

Ноябрь 27, 2018 14:30

ДУШАНБЕ, 27.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар марказҳои таълимии «Пойтахт», «Ҳалқаёр», «Хоруғ», «Лангар» ва дар отрядҳои сарҳадии «Дарвоз», «Панҷакент», «Истаравшан», «Деваштич», «Исфара», «Ашт» ва «Мастчоҳ»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 2 000 нафар сарбозони даъвати тирамоҳии соли 2018 бо баровардани байрақи ҷангӣ дар маросими тантанавӣ савганд ёд карданд.

Дар ин бора сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба иттилои номбурда, дар маросими тантанавии савгандёдкунӣ роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ,  раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорони марказҳои таълимӣ ва ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, намояндагони Хадамоти сарҳадии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти қудратӣ, падару модарони сарбозон ва собиқадорон иштирок доштанд.

Зимни суханронӣ иштирокдорон дар таҳсилу хизмати оянда ба наваскарон муваффақият орзу намуда, зикр карданд, ки «мубориза бар зидди ҳама гуна хатарҳои эҳтимолӣ, бахусус терроризми байналмилалӣ, экстремизми сиёсӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб аз ҳар афсару сарбоз омодагии доимии ҳарбиро тақозо менамояд. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ- ин садоқат ба Ватан ва савганди ҳарбӣ мебошад».

Падару модарон низ сухан карда, ба фарзандони содиқи Ватан дар ҳифзи марзу буми кишвар хизмати софдилона орзу намуданд. Зикр гардид, ки хизмати аскарӣ барои ҳар як ҷавон мактаби воқеии ҳаёт мебошад.

Пас аз маросими савгандёдкунӣ ҳайати шахсии ҷузъу томҳо бо марши тантанавӣ аз назди меҳмонон гузаштанд.

Ноябрь 27, 2018 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд