17 нафар табибони ноҳия Шаҳринав барои риоя накардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ ҷарима шуданд
ШАҲРИНАВ, 21.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Пас аз таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш нисбат ба бемасъулиятии табибон, аз ҷумла, дандонпизишкон, кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо барои ба бемориҳои сироятӣ гирифтор намудани шаҳрвандон назорату санҷишҳо аз тарафи мутахассисони марказҳои назорати санитарию эпидемиологӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ноҳияи Шаҳринав аз тарафи Маркази назорати санитарию эпидемиологии ноҳия то имрӯз 102 нафар кормандони соҳаҳои гуногун барои вайрон намудани коидаҳои санитарию эпидемиологӣ ба маблағи 10 ҳазору 900 сомонӣ ҷарима гардидаанд. Аз ин шумора 17 нафар табиб буда, бо маблағи 4250 сомонӣ ҷарима шудаанд.
Тибқи иттилои сардори Маркази назорати санитарию эпидемиологии ноҳияи Шаҳринав Холмурод Ҳайдаров, ҳолатҳои вайрон намудани қоидаҳои санитарӣ аз тарафи кормандони соҳаи тандурустӣ нисбат ба соли 2017 11 адад зиёд мебошад. Ҳамчунин сардори муассисаи Кумаки аввалини тиббию санитарии ноҳияи Шаҳринав бинобар риоя нашудани қоидаҳои санитарӣ аз ҷониби табибони муассиса ба маблағи 2500 сомонӣ ҷарима шудааст.
Дар ноҳияи Шаҳринав 11 ҳуҷраи дандонпизишкӣ, 7 адад сартарошхона ва 4 адад кошонаи ҳусн фаъолият дорад. То имрӯз барои иҷро накардани қоида ва талаботи санитарию гигиенӣ ва пешгирӣ накардани паҳншавии бемориҳои сироятӣ нисбат ба 7 нафар дандонпизишкон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 1170 сомонӣ ҷарима шудаанд. Нисбат ба 2 нафар кормандони кошонаҳои ҳусн санадҳои маъмурӣ таҳия ва ба Прокуратураи ноҳия пешниҳод шудаанд.
Аз ин таҳлилҳои оморӣ маълум мегардад, ки роҳбарони соҳаи тандурустии ноҳияи Шаҳринав нисбат ба дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беаҳамиятӣ зоҳир намуда, ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ дода истодаанд.
Холмурод Ҳайдаров гуфт, ки хушбахтона, дар натиҷаи корҳои амалии мутахассисони Маркази назорати санитарию эпидемиологии ноҳия соли равон бемориҳои хавфноки сироятӣ, аз қабили сӯхтанӣ, ҳорӣ, домана ва заҳролудшавӣ ба қайд гирифта нашудаанд. Инчунин баҳри пешгирии бемории ҷоғар мутахассисон ба воситаи таҷҳизоти озмоишӣ ёднокии намакҳои ошии бозору мағозаҳои тиҷоратиро санҷида, то имрӯз 254 кг намаки ошии бе ёдро аз фурӯш боздоштаанд.








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






