ҲАДАФ-ҲИМОЯИ ҲАЁТ ВА САЛОМАТИИ ИНСОН. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда мешавад

Декабрь 3, 2018 13:10

ДУШАНБЕ, 03.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷаласа  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба иттилои манбаъ, зимни баррасии масъалаи мазкур Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода иброз дошт, ки Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва ба муомилот баровардани доруворӣ ва хӯроквории бесифат, қалбакӣ, ғайристандартӣ ва ё муҳлати истифодаашон гузашта ё истеҳсол кардани онҳо, ҳамзамон баҳри ҳимояи ҳаёту саломатии инсон пешниҳод гардидааст.

Эмомалӣ Насриддинзода зимни муаррифии Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфт:  «Ин лоиҳа бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии кормандони тиб барои иҷрои номатлуби вазифаи касбиашон, вайрон кардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию зиддиэпидемикӣ аз тарафи табибони хусусӣ, кормандони кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо ва дигар корхонаҳои хизматрасонӣ, ки сабаби мубталои сирояти вируси норасоии масунияти одам гардидани одамон ё марги инсон шудаанд, инчунин пурзӯр намудани ҷавобгарии шахсоне, ки ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯй набуда, инчунин дорувории муҳлати истифодааш гузашта машғуланд, пешниҳод карда шудааст».

Зимнан, масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла доир ба пурзӯр намудани ҷавобгарӣ, бахусус, ҷавобгарии ҷиноятӣ барои воридоту муомилоти маводи дорувории бесифат, қалбакӣ ва муҳлати истифодааш гузашта, қочоқи доруворӣ ва истеҳсолу фурӯши маводи ғайристандартӣ масъалаҳои махсусе буданд, ки 1 сентябри соли равон Асосгузори салҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дода буданд.

Сарвари давлат бо иродаву матонати ватандӯстонаи худ солимии ҷомеаро чун ҳарвақта дар ҷои аввал ниҳода, дар ҳамин суханронияшон зикр намуданд: «Зарур аст, ки ҷавобгарии табибон, аз ҷумла дандонпизишкон, кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо барои ба бемориҳои сироятӣ гирифтор намудани шаҳрвандон баланд бардошта шавад.

Инчунин барои кормандони муассисаҳои табобати дандон, сартарошхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн, ки сабаби ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани одамон мегарданд, дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ ворид карда шавад».

Ба иттилои Муҳаммадато Султонов, мақсад аз ворид намудани тағйирот ба моддаҳои 207 ва 210 пурзӯр кардани ҷавобгарии табибон, аз ҷумла дандонпизишкон, кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо мебошад.

Мутобиқи лоиҳаи пешниҳодгардида, тағйирот ба моддаҳои 207 ва 210 вайрон кардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию зиддиэпидемикӣ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби бо ВНМО сироят ёфтани одамон гардидааст, пешбинӣ шудааст.

Мақсади дар таҳрири нав ифода кардани моддаи 207 ва ворид намудани тағйирот ба моддаи 210 пешгирии бемориҳои сироятӣ, баланд бардоштани масъулияти кормандоне, ки ба хизматрасонии аҳолӣ машғуланд ва пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби сироятёбии оммавии одамон мегарданд, мебошад.

Аъзои Шӯро аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда қарори дахлдор қабул намуданд.

Декабрь 3, 2018 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид