ҲАДАФ-ҲИМОЯИ ҲАЁТ ВА САЛОМАТИИ ИНСОН. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда мешавад
ДУШАНБЕ, 03.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба иттилои манбаъ, зимни баррасии масъалаи мазкур Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода иброз дошт, ки Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва ба муомилот баровардани доруворӣ ва хӯроквории бесифат, қалбакӣ, ғайристандартӣ ва ё муҳлати истифодаашон гузашта ё истеҳсол кардани онҳо, ҳамзамон баҳри ҳимояи ҳаёту саломатии инсон пешниҳод гардидааст.
Эмомалӣ Насриддинзода зимни муаррифии Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфт: «Ин лоиҳа бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии кормандони тиб барои иҷрои номатлуби вазифаи касбиашон, вайрон кардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию зиддиэпидемикӣ аз тарафи табибони хусусӣ, кормандони кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо ва дигар корхонаҳои хизматрасонӣ, ки сабаби мубталои сирояти вируси норасоии масунияти одам гардидани одамон ё марги инсон шудаанд, инчунин пурзӯр намудани ҷавобгарии шахсоне, ки ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯй набуда, инчунин дорувории муҳлати истифодааш гузашта машғуланд, пешниҳод карда шудааст».
Зимнан, масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла доир ба пурзӯр намудани ҷавобгарӣ, бахусус, ҷавобгарии ҷиноятӣ барои воридоту муомилоти маводи дорувории бесифат, қалбакӣ ва муҳлати истифодааш гузашта, қочоқи доруворӣ ва истеҳсолу фурӯши маводи ғайристандартӣ масъалаҳои махсусе буданд, ки 1 сентябри соли равон Асосгузори салҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дода буданд.
Сарвари давлат бо иродаву матонати ватандӯстонаи худ солимии ҷомеаро чун ҳарвақта дар ҷои аввал ниҳода, дар ҳамин суханронияшон зикр намуданд: «Зарур аст, ки ҷавобгарии табибон, аз ҷумла дандонпизишкон, кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо барои ба бемориҳои сироятӣ гирифтор намудани шаҳрвандон баланд бардошта шавад.
Инчунин барои кормандони муассисаҳои табобати дандон, сартарошхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн, ки сабаби ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани одамон мегарданд, дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ ворид карда шавад».
Ба иттилои Муҳаммадато Султонов, мақсад аз ворид намудани тағйирот ба моддаҳои 207 ва 210 пурзӯр кардани ҷавобгарии табибон, аз ҷумла дандонпизишкон, кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо мебошад.
Мутобиқи лоиҳаи пешниҳодгардида, тағйирот ба моддаҳои 207 ва 210 вайрон кардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию зиддиэпидемикӣ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби бо ВНМО сироят ёфтани одамон гардидааст, пешбинӣ шудааст.
Мақсади дар таҳрири нав ифода кардани моддаи 207 ва ворид намудани тағйирот ба моддаи 210 пешгирии бемориҳои сироятӣ, баланд бардоштани масъулияти кормандоне, ки ба хизматрасонии аҳолӣ машғуланд ва пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби сироятёбии оммавии одамон мегарданд, мебошад.
Аъзои Шӯро аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда қарори дахлдор қабул намуданд.








Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Намояндаи Парлумони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Узбекистон иштирок намуд






