ҶАЛБИ БОНУВОН БА НИЗОМИ БОНКӢ: дар мамлакат имконият фароҳам меояд, ки занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баробари мардон ширкати фаъол дошта бошанд

Декабрь 7, 2018 17:30

ДУШАНБЕ, 07.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои занон доим дастгирӣ ёфта, бо мақсади амалӣ намудани онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд. Имрӯз бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ қисми зиёди кормандонро ташкил карда, аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 23 фоизро занон ташкил медиҳанд. Зарур аст, ки дар оянда дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар занону духтарон ба кор ҷалб карда шаванд.

Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  22 декабри соли 2016 зимни  ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд.

Ҳамчунин  Пешвои миллат 15 октябри соли равон дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе -2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ»   масъалаи ҷалби бонувонро ба низоми бонкӣ бори дигар ёдрас шуда, иҷрои онро муҳим арзёбӣ намуданд. 

Дар робита ба вазъи иҷрои супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мухбири АМИТ «Ховар» Ибодат ДАВЛАТЗОДА бо сардори шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон Мавҷуда ҲАСАНОВА ҳамсуҳбат шуд.

Мавсуф иброз дошт, ки «масъалаи ҷалби занону духтарон ба кор дар муассисаҳои низоми бонкӣ ва дигар сохторҳои ҷумҳурӣ, ки борҳо  Пешвои миллат иҷрои онро таъкид намуда буданд,  ба хотири он аст, ки дар оянда аз неруи созандаи бонувону духтарон боз ҳам бештар истифода бурда, ба амалӣ гардидани ташаббусҳои онҳо мусоидат намоем. Зеро дар мавриди сиёсати гендерӣ ҳукумат ҳамеша ҷонибдори ибтикороти занону духтарон аст ва онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд».

Инчунин номбурда иброз намуд, ки ҳоло дар кишвари мо имконият фароҳам оварда шудааст, ки занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баробари мардон ширкати бевосита ва фаъол дошта бошанд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки аз сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот то зинаҳои болоӣ духтарону бонувони бомаърифат, фаъолу ташкилотчӣ ва пешқадаму ташаббускор ба кор ҷалб карда шаванд ва ба халқу Ватан хизмат намоянд.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, дар нуҳ моҳи соли 2018 аз шумораи умумии кормандони низоми бонкӣ 5 ҳазору  232  нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Ба ибораи дигар, вазни қиёсии бонувон дар ҳайати умумии кормандони бахши бонкӣ дар интиҳои семоҳаи сеюми соли 2018  32,3 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 тамоюли зиёдшавӣ дорад (0,4%).

Ҳамчунин М.Ҳасанова иброз намуд, ки бо мақсади ҷалби бонувони соҳибтахассус ва соҳибкасб ба вазифаҳои дорои масъулияти моддӣ дар низоми бонкӣ, инчунин муайян кардани теъдоди занҳои фаъол дар вазифаҳои масъул, ки бевосита бо хизматрасонии аҳолӣ машғул ҳастанд, Бонки миллии Тоҷикистон дар омори ҳайати кормандони низоми бонкӣ банди алоҳида барои бурдани ҳисоботи бонувони дорои шуғли масъулияти моддӣ, аз ҷумла хазинадор, ҳисобдор, амалиётчӣ, нозир оид ба қарзҳо, мутахассиси фурӯши хизматрасониҳо ва амсоли ин ворид кардааст.

«Ҷиҳати ҳамовозӣ ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар масъалаи дастгирии занону духтарон имрӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон бонувон аз корманди одӣ то ба вазифаҳои пурмасъули муовини Раис, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, ҳайати хизматрасонро соҳибанд, ки аз ин фаъолияти самараноки онҳо дар низоми бонкии мамлакат гувоҳӣ медиҳад. Агар ба таркиби ҳайати кормандон амиқтар назар андозем, мебинем, ки то 1 ноябри соли 2018 занон аз ҳисоби умумии кормандон дар низоми Бонки миллии Тоҷикистон 247 нафар  ё  30 фоизро ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 36 нафар (25%) дар вазифаҳои  роҳбарикунанда фаъолият карда, 4 нафар дорои унвони илмӣ — номзади илм ва 1 нафар доктори илм (PhD) мебошанд», — иброз намуд номбурда.

Инчунин зикр намуд, ки дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон ба масъалаи бо кор таъмин намудани занҳо дар ташкилотҳои қарзӣ, махсусан дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамояд, ки ҷалби бонувон ба кор дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ давра ба давра қонеъ гашта, масъалаи мазкур ҳалли худро хоҳад ёфт.

Аз ҷумла, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», ки ҳамчун ягона бонки давлатӣ дар низоми бонкии кишвар дорои шабакаи васеи хизматрасонӣ буда, бо 75 филиал, 545 марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар миқёси кишвар ба мардум хизмат мерасонад, дар бозори байнибонкии ҷумҳурӣ бо беш аз 1,4 млн. нафар дорандагони кортҳои бонкӣ мавқеи намоёнро ишғол менамояд. Соли равон шумораи умумии занҳо дар Бонк аз 970 нафар ба 1048 нафар расонида шуд, ки ин натиҷаи ҷалби бештари ҷавондухтарон ба корҳои фаъолияти бонкӣ аст. Аз шумораи мазкур зиёда аз  24 нафар занон дар сатҳи роҳбарикунанда, сардорони воҳидҳои сохтории бонк 65 нафар, аз ҷумла муовини сармуҳосиб  31 нафар, мудири хазина 15 нафар, дар дигар вазифаҳои дорои масъулияти моддӣ 19 нафар фаъолият доранд.

Бояд гуфт, ки шумораи занони дар марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ «Амонатбонк»  дар вазифаҳои гуногун фаъолиятдошта то 1 ноябри соли ҷорӣ 241 нафарро ташкил медиҳад. Роҳбарияти он дар иртибот ба супоришҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат имрӯз таваҷҷуҳро барои ба кори доимӣ таъмин намудани ҷавондухтарони лаёқатманд  ва бонувони соҳибтаҷриба дар риштаи бонкдорӣ ва молия равона намуда, дар баробари ин барои ишғоли вазифаҳои холӣ ва ҷалби бештари занон эълони вазифаҳои мазкурро тариқи сомонаи расмӣ ва ВАО пешниҳод намудааст. Ҳамзамон аз рӯи маълумоти оморӣ, соли ҷорӣ теъдоди бонувон дар ҶСП «Спитамен Бонк», ҶСП «Бонки Осиё», ҶСК «Коммерсбонки Тоҷикистон»,  ҶСК «Ориёнбонк», ҶСК «Бонки Эсхата», ҶСП «Казкоммерсбонк Тоҷикистон»  аз 2 то 5 фоиз тамоюли зиёдшавӣ дорад, — иттилоъ дод М.Ҳасанова.

Тибқи маълумоти Агентии хизмати давлатӣ, ба ҳолати 1 октябри соли 2018 дар мамлакат 19 ҳазору  13 нафар хизматчиёни давлатӣ фаъолият мекунанд, ки аз ин шумора 4 ҳазору 462 нафар    занон мебошанд.   Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда шумораи занон дар хизмати давлатӣ нисбат ба ҳолати 1 октябри соли 2017  100 нафар зиёд шудааст. Дар мансабҳои сиёсӣ ва категорияҳои олӣ ва роҳбарикунанда 5 ҳазору 685 нафар хизматчии давлатӣ фаъолият мекунанд, ки  аз он 1 ҳазору 71 нафар ё 18,8 фоиз занони роҳбар мебошанд.

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 7, 2018 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд