ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ… Имрӯз – Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии одамон

Декабрь 20, 2018 12:22

ДУШАНБЕ, 20.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. 20 декабр бо қарори Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии сокинони сайёра эълон гардидааст. Ба кадом хотир ин сана  таъсис дода ва ҷашн гирифта мешавад? Ҳамраъйии инсонҳо барои чӣ муҳим аст ва дар замони муосир чаҳамияте дорад? Дар ин бора – андешаҳои Камол НАСРУЛЛО, ходими адабии АМИТ «Ховар», Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдаки пешниҳод  мегардад.

Ҳамраъйӣ, яъне ягонагии андешаву амал,  бо ҳам будан, аз як гиребон  сар баровардан дастгирии ҳамдигар дар ҷодаҳои зиндагист, ки барои расидан ба ҳадафҳои нек ба одамон мусоидат мекунад.  Муттаҳидии инсонҳо барои расидан ба мақсадҳои наҷиб масъулияти онҳоро дар кумаки ҳамдигарӣ, дастгирии  иҷтимоӣ аз якдигар баланд мебардорад, ки ин барои сулҳу сафо ва ҳамзистии осоишта дар сайёра ногузир аст.

Рӯзи ҳамраъйии одамон бо қарори СММ аз соли 2006 инҷониб  таҷлил карда мешавад, ки ба даҳсолаи аввали мубориза бар зидди қашшоқӣ бахшида шуда буд. Аммо андешаи ҳамдилӣ ва ягонагии одамон решаҳои хеле қадимӣ дошта, ба таҷрибаҳои таърихии инсоният асос ёфтааст.

Хусусан дар таърихи фарҳангу рӯзгори миллати қадимӣ ва  халқи соҳибтамаддуни тоҷик андешаи ҳамдилӣ, хосса дар адабиёт ва маърифати башардӯстонаи нобиғагон ва бузургони илму адабаш тасвири мондагор ва дурахшон дорад. Агар мо рӯ ба сарчашмаҳои куҳантари таърихамон биоварем, мебинем, ки асоси таълимоти Зардушт ва маърифати китоби безаволи “Авасто”, ки ба гуфтор, кирдор ва пиндори нек бунёд ёфтааст, талқин ба ҳамдиливу ҳамраъйӣ ва ягонагии башарият аст.

Осори гаронбаҳои адабиёти классикии мо саросар аз таълимоти башардӯстонаи ҳамраъйии инсонҳо иборат аст. Дар саросари “Маснавӣ”- и безаволи  Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ғояҳои баланди инсонӣ,  одоби ҳамида ва фалсафаи ваҳдати инсонҳо ситоиш ёфта, ки яке аз онҳо ҳамдилист.

…Пас забони ҳамдилӣ худ дигар аст,

Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст,

—мегӯяд Мавлоно ва имрӯз ҳам ин андеша ва ин мисраъҳои шоир ва мутафаккири бузург шиори ягонагӣ ва ҳамраъйии инсонҳои рӯи замин  аст.

Ё сатрҳои дар олам машҳури Шайх Саъдӣ, ки асрҳо боз аҳли башарро ба  ягонагиву ҳамдилӣ мехонанд, имрӯз ҳам  раҳнамои роҳи солими зиндагии инсоният буда, дар баландтарин сақфҳои иморатҳои башарӣ сабт ёфтаанд:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як ҷавҳаранд,

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Оё кӣ тавонистааст нишонрасу бадеътар аз ин сатрҳое эҷод кунад, ки инсониятро ба ягонагӣ ва ҳамраъйӣ, ки гарави зиндагонии хушбахтонаи онҳост, роҳнамо бошад.  Ягонагии инсонҳо дар ашъори Саъдии бузургвор то ҷоест, ки тамоми инсоният дар як вуҷуд ва як пайкар ҷо мегардад. Ва боварноктару фасеҳтар аз ин касе натавонистааст ягонагии башариятро ба тасвир орад.  Дар ҳар қадаму ҳар нафаси зиндагии имрӯз ҳам эҳсос мешавад, ки Саъдии бузургвор чӣ ҳақиқати бузургеро гуфтаву ба инсоният чӣ ҳушдори бамавриде додааст. Зеро ҳар фоҷиаи инсоние, ки дар як гӯшаи дунё  рӯй мезанад, бемуҳобо дар гӯшаи дигар эҳсос мешавад ва таъсири амиқ мегузорад. Аммо инсонҳои раҳгум, гирифтори тамаъ ва бемории ҷоҳталабиву бузургманишӣ бо ниятҳои ғаразноки худ  боз ҳам кору рафторҳое мекунанд, ки бар зиёни башарияту инсоният фоҷиаҳо ба бор меоранд ва зиндагии осоиштаро ноосуда, бахту шодиро ба ғаму ғурбат табдил медиҳанд. Танҳо ягонагӣ ва ҳамдилии одамон метавонад садди роҳи бадбахтиҳо бошад ва инсониятро аз фоҷиаҳо раҳо созад.

Аз ин рӯст, ки СММ чунин рӯз — Рӯзи ҳамраъйии  инсонҳоро таъсис додааст, то башариятро ба ягонагӣ  ва сулҳу ҳамзистии осоишта раҳнамоӣ намояд. Зеро ягонагии инсонҳо ҳамон зербунест, ки бар он бинои бузурги муносибатҳои байналмилалӣ қомат меафрозад.

Соли 2015 кишварҳои пешқадами дунё ҳадаферо пеш гузоштанд, ки ба ҷои  барномаи “тараққиёти ҳазора”-и пешина  роҳи “тараққиёти устувор”-ро дунболагирӣ мекунад. Мақсади ин ҳадаф дар ҷодаи тараққиёти устувор пеш гирифтани даврони фарогири навест, ки вазифа ва мақсади асосияш барҳам додани камбизоатӣ, ҳимояи сайёра ва таъмини зиндагии арзандаву сазовор барои ҳамагон аст. Ҳадафи нав, пеш аз ҳама, ба манфиати одамон буда, ба қоидаҳои ҳуқуқи инсон такя мекунад ва баланд бардоштани фаъолияти ҳамкории бузурги тарафҳоро тақозо дорад.

Аз ин рӯ  ин рӯз рӯзест, ки дар он:

Мо — одамон ягонагии худро бар тарзи рангоранг ҷашн мегирем;

Рӯзест, ки мо ба ҳукуматҳо ёдовар мешавем, то онҳо ба он уҳдадориҳои худ, ки барои иҷрои созишномаҳои байналмилалӣ бастаанд, содиқу вафодор  бимонанд;

Рӯзе, ки бояд барои баланд бардоштани фарҳанги огоҳии ҷомеъа чун яке аз дастовардҳои арзишдор мусоидат мекунад;

Рӯзе, ки мо роҳҳои  мустаҳкамсозии ҳамраъйиро барои расидан ба роҳи тараққиёти ҷомеъа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, аз ҷумла барҳам додани камбизоатӣ муҳокима мекунем;

Амалиёт барои ҳимояи ташаббусҳои нави решакан намудани бенавоӣ ва ғайраҳо гузаронида мешаванд.

Иди ҳамраъйии инсонҳо  дар қарори СММ бахшида ба Даҳсолаи муборизаи кишварҳо бар муқобили фақр ва камбизоатӣ тарҳрезӣ шуда буд. Дар ин ҳуҷҷат истинод ба Изҳороте карда мешавад, ки дар он  ҳамраъйии инсонҳо чун қиматтарин дастоварди одамон баҳогузорӣ мешавад. Ҳамраъйӣ — ин дастгирӣ ва кумаки аъзои ҷомеъа, ягонагии амал ва андешаҳо, ҳаракати якҷоя барои расидан ба ҳадафҳои баланд аст. Дар ин рӯз дар ҳама кишварҳои олам,  расонаву нашрияҳову хабарнигориҳо сухан аз ягонагиву ҳамдилии инсонҳо дар рӯи замин меравад.

Роҳи халқи заҳматпараст ва мардуми некманиши тоҷик ҳам баъд аз гирифториҳои зиёди таърихӣ барои расидан ба ваҳдати миллӣ ибратбахш аст. Ва беҳуда нест, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон таваҷҷуҳи оламиёнро ба худ ҷалб кардааст. Сарвари некманиш ва ватандӯст, халқи заҳматпарвару хайрхоҳи тоҷик тавонистанд ба ҳамдилии кулли мардуми кишвар, ба ваҳдати миллӣ бирасанд.  Дар ин ҷода Ҳаракати ваҳдати миллии тоҷикон таҳти роҳбарӣ ва тарҳрезии Пешвои он ибратомӯз аст. Танҳо ҳадафҳои неку баланди милливу инсонӣ, ниятҳои хайру башардӯстона метавонанд мардумро ба ҳамдиливу ҳамраъйӣ расонанд.

Фардои мо, зиндагии ободи мо, хушбахтии фарзандони мо ва тамоми башарият ниёз ба чунин ҳамдилӣ дорад. Аз ин рӯ Рӯзи ҳамдилии одамон ба тамоми башарият муборак бод!

Камол НАСРУЛЛО,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

 

Декабрь 20, 2018 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ГАРМОИ ШАДИД ДАР САЙЁРА. Он раванди даврии табиат аст ва ё таъсири инсон ба муҳит?
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Гармшавии бесобиқаи ҳаво, афзудани таркиби озони атмосфера ва ба амал омадани офатҳои гуногуни табиӣ аз нишонаҳои он аст
ЭЪТИРОФИ СИЁСАТИ ОЯНДАБИНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳои ходими адабии АМИТ «Ховар» дар ин хусус
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ВОРИСИ АРЗАНДАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Маротибаи аввал дар таърихи давлатдории Чин мукофоти олии давлатӣ берун аз кишвар тақдим карда шуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар самти пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо шарики қавӣ ва боэътимоди Созмони Милали Муттаҳид аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Чин бузургтарин сармоягузори мо ба ҳисоб меравад»
Муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон: Ба хотири ояндаи дурахшон
Эмомалӣ Раҳмон: «Ваҳдати миллӣ дар баробари Истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Сулҳи тоҷиконро ҳамчун нодиртарин роҳи хотима гузоштан ба мухолифатҳои мусаллаҳона эътироф кардаанд»
Пешвои миллат: «Хишти аввали бинои сулҳу ваҳдати миллӣ дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ гузошта шуда буд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои халқи Тоҷикистон пайки шодӣ, паёми оромӣ ва номаи иқболу саодат гардид»
«МАН БА МАРДУМИ ТОҶИК ҲАВАС МЕБАРАМ, КИ ДАР ЧУНИН ТАБИАТИ ЗЕБО УМР БА САР МЕБАРАНД…». Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои манзараҳои Тоҷикистон