АМИТ «Ховар» бо Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардид

Декабрь 31, 2018 12:38

ДУШАНБЕ, 31.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» барои таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани нуфузи он дар ҷомеа ва саҳми муносиб гузоштан дар маъракаҳои муҳими сиёсию ҳизбӣ бо Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардид.

Сипосномаҳо дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ки  28 декабри соли равон дар толори МД «Маркази миллии патенту иттилоот» доир гардид, дар фазои тантанавӣ ба намояндаи АМИТ «Ховар» супорида шуд. Инчунин дар ҷамъомад фаъолони ҳизб ва ғолибони озмуни «Мутахассиси беҳтарини ҳизби пойтахт дар соли 2018» бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.

Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мушовири Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода ва раисону муовинони раисони кумита ва ташкилотҳои ҳизбии шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Дар он масъалаҳои омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ гузориши мухтасари раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода «Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар соли 2018 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2019», омӯзиши «Одобномаи корманди ҳизбӣ» дар ташкилотҳои ҳизбии пойтахт, ҳисоботи комиссияҳои доимоамалкунанда дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе оид ба мусоидат ба шуғли аҳолӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, кор бо матбуот, тарғибот ва фарҳанг мавриди баррасии қарор дода шуданд.

Доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директори Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиба Муҳаммадҷонова, Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  Муҳаммадюсуф Имомзода маърӯза намуда, зикр доштанд, ки Паёми Пешвои миллат фарогири тамоми самтҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ, дохиливу хориҷиро дар бар гирифта, баҳри рушди босуботи кишвар ва амалӣ намудани бандҳои он марҳилаи нави пешрафту шукуфоиро таъмин намуда, зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро дар роҳи рушди минбаъдаи давлатдории навини миллиамон муҳаё месозад.

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар соли 2018 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2019» гузориш дода, иброз дошт, ки мутобиқи маълумоти оморӣ, давоми соли 2018 дар шаҳри Душанбе 63 350 нафар аъзои ҳизб ва 799 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ шумораи кумитаю ташкилот 51 адад ва аъзои ҳизб 1293 нафар афзоиш ёфтааст.

Зикр гардид, ки бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои супоришҳои протоколии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Кумитаи ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур Маркази омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ, компютерӣ, забономӯзӣ, китобхонаи электронӣ ва сартарошхонаро дар маҳаллаи Бадахшон 1 муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки 36 нафар бонувони маҳаллаҳои Бадахшон 1 ва 2 ба шуғли доимӣ ва 32 нафар наврасону ҷавонон ба омӯзиши курсҳои кӯттоҳмуддати касбомӯзиву забондонӣ фаро гирифта шуданд.

Ҳамзамон ҷиҳати бунёд ва навсозии чунин марказҳо то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ кумитаҳои иҷроияи дигари пойтахт низ вазифадор гардидаанд.

Бо мақсади тақвияти мактаби сиёсии Пешвои миллат ва ташаккули ҷаҳонбинии сиёсии кормандони масъули ҳизбии пойтахт, бори нахуст курси кӯтоҳмуддати бозомӯзиро барои кормандони масъули кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бо иштироки олимону коршиносони соҳа давоми соли равон баргузор намуда, шунавандагонро бо Сертификати махсус сарфароз гардонид.

Оид ба «Одобномаи корманди ҳизбӣ» Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ва роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонов ибрози андеша намуданд.

Декабрь 31, 2018 12:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Чин дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
Иштирокдорони Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ дараи Алмосӣ ва Қалъаи Ҳисорро тамошо карданд
Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ зери унвони «Ҳизбҳои сиёсӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ» доир гардид
АБУАЛӢ ИБНИ СИНО — МУТАФАККИРИ БУЗУРГИ ШАРҚ, ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Оқибатҳои офатҳои табиӣ дар мавзеъҳои хатарноки роҳҳои минтақаи Рашт бартараф карда шуданд
Табибони тоҷик дар Туркия малакаи касбиии худро такмил медиҳанд
Байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби «Белая Рус» Меморандум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
БОЗТОБИ ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Расонаҳои мисрӣ дар ин хусус гузоришу мақолаҳо ба нашр расониданд
Соли 2030 дар ҳудуди Тоҷикистон баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад
БОЙГОНӢ — ГАНҶИНАИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Ба Рӯзи байналмилалии бойгонӣ бахшида мешавад
Дар Душанбе татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо ширкати Чин баррасӣ шуд