Ҷамъияти тоҷикони Миср «гирдиҳамоии оилавӣ»-и манқуртҳои наҳзатиро маҳкум менамояд
ДУШАНБЕ, 12.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои тобеи ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ дар бораи баргузории «гирдиҳамоии оилавӣ»-и манқуртҳои наҳзатӣ дар назди сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Германия хабар нашр гардид. Дар робита ба он ба АМИТ «Ховар» аз номи Ҷамъияти тоҷикони Миср изҳорот расидааст, ки ин амали нангини онҳоро маҳкум менамояд. Дар изҳорот, аз ҷумла чунин гуфта мешавад:
«…Аз наворҳои пахшгардида ба хубӣ мушоҳида мегардид, ки шумораи зиёди ҷамъомадагонро кӯдакони хурдсол ва ё ноболиғон ташкил медоданд. Қисмати дигари ҳузурдоштагон рӯйи худро пинҳон намуда, аз ҳузури худ шарм ва ё бим доштанд ё аслан шаҳрванди Тоҷикистон набуданд. Дар масъалаи истифода гардидани кӯдакони хурдсол аз тарафи ТТЭ ҲНИ- ин худ як ҷиноятест зидди инсоният.
Мутаассифона, мо имрӯз боз шоҳиди он кирдорҳое гардидем, ки дар оғози солҳои навадум аз ҷониби ТТЭ ҲНИ бо дастуру супориши сарпарасти маънавияшон ташкил дода шуда, сабаби рехтани хуни садҳо ҳазор мардуми бегуноҳ гардида буданд.
Шахси оқилу ватандӯст аз мушоҳидаи ба ном «гирдиҳамоии наҳзатиёни ифротӣ» бардошти манфӣ пайдо намуда, нафраташ нисбат ба кабирисиратҳо зиёд мегардад. Наҳзатиёни ифротӣ ғофил аз онанд, ки таърихи миллати тоҷик бадсириштиву бадрафтории онҳоро рӯйи саҳифаҳои худ сабт намуда, онҳоро ҳамчун хоинони миллат ёдовар хоҳад шуд.
Бояд зикр кард, ки дар ҷаҳони имрӯза раванди рақобатҳои стратегӣ шиддат гирифта истодааст ва нишонаҳои доман паҳн кардани идеологияҳои тундгаро дар кишварҳои аврупоӣ возеҳ мушоҳида мешаванд. Бино бар гузориши Бюрои федеролии тафтишотии Германия, дар қаламрави кишвар 2137 ҷамъияти гуногуни мутаассир ба идеологияи гурӯҳҳои ифротӣ фаъолият доранд. Ва ҳузури «наҳзатиҳо» дар кишварҳои аврупоӣ ва омезишу ҳамкории онҳо бо чунин ташкилотҳо хатари онҳоро барои ҷомеаи Тоҷикистон боз ҳам бештар мегардонад.
Аз ин рӯ, мо, аъзои Ҷамъияти тоҷикони Миср ин амали фитнаангези душманони миллатро ба куллӣ маҳкум намуда, аз ҷавонон даъват ба амал меорем, то неруи хешро ба омӯзиши илмҳои фоидаовар сафарбар намуда, дар рушду пешрафти кишвари азизамон саҳми босазо гузоранд. Шумо – ҷавонон неруи ояндасозу тақдирсози миллат ҳастед, аз ин рӯ ояндаи босуботи Ватан ба шумо вобаста аст».
Ҷамъияти тоҷикони Миср








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






