АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ: дар вилояти Суғд 48 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шуданд

Декабрь 17, 2018 09:00

ДУШАНБЕ, 17.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2017 се нишондиҳандаи рушди инсонӣ — дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагиро таҳлил намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём таъкид намуданд: «Соли 2017 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ҷиҳати сохтмон ва навсозии муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 миллион сомонӣ сарф гардида, 24 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шуд. Соли 2018 ин раванд идома ёфта, маблағҳои буҷетии давлатӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба ин самт равона карда мешаванд».

Дар партави ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат дар соҳаи маорифи вилояти Суғд корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд.

Тавре сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, аз Паём то Паём дар вилоят 48 иншооти соҳаи маориф бо 7 ҳазору 300 ҷойи нишаст ба истифода дода шуданд.

«Тибқи нақша, соли равон бояд муассисаҳои таълимии вилоят дар маҷмӯъ бо 94 кабинети таълимӣ таъмин гарданд. Давоми сол 91 кабинети таълимӣ ташкил шуданд. Шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Гулистон, Исфара, Спитамен, Хуҷанд, Панҷакент нақшаи «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020»-ро иҷро намуданд»,-гуфт номбурда.

Ба гуфтаи Осим Каримзода, соли сеюм аст, ки маорифчиёни вилоят дар озмунҳои касбии ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон» ва «Мураббии соли Тоҷикистон» ғолибият ба даст меоранд. Инчунин аз Паём то Паём аҳли маорифи вилоят дар олимпиадаву озмунҳои фаннӣ иштирок карда, ба як зумра дастовардҳо соҳиб шуданд. Дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ 327 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят ширкат варзида, аз онҳо 139 нафар ба гирифтани ҷойҳои фахрӣ ноил гардиданд.

Дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ, лоиҳавӣ ва фосилавӣ 214 нафар ба ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гаштанд. Аз ин теъдод 11 нафар ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва 161 нафар ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фосилавӣ мебошанд. Дар радифи ғолибони олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ғолибият ва медали биринҷиро хатмкардаи муассисаи таълимии №3-и ноҳияи Спитамен Аҳрор Исмоилӣ соҳиб гардид. Бори аввал дар сатҳи ҷумҳуриявӣ 6 нафар хатмкардагони як муассисаи таълимӣ — литсейи №1-и шаҳри Хуҷанд сазовори шаҳодатномаи аълои равиявии медалҳои тилло ва нуқра гардидаанд.

Аҳли маорифи вилояти Суғд ҷиҳати таъмини иҷрои нуктаҳои Паёми Пешвои миллат корҳои назаррас анҷом дода, Паёми навбатиро бо рӯҳбаландии бузург истиқбол мегиранд.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 17, 2018 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон