АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. «Таъмини зиндагии шоистаи мардум дар меҳвари Паёмҳои Пешвои миллат қарор дорад»,-мегӯяд раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева
ДУШАНБЕ, 25.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паём манзур менамоянд, ки он ба рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст. Ин нуктаро Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул ВАЛИЕВА чунин шарҳ медиҳад:
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22 декабри соли 2017 зикр гардидааст, ки «мардуми шарифи Тоҷикистон ба зиндагии шоиста ҳуқуқи маънавӣ дорад».
Имрӯзҳо бо дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ва Роҳбарияти олии мамлакат Тоҷикистони азизи мо марҳила ба марҳила тараққӣ карда, сатҳи зиндагии мардум беҳтар мешавад. Аз Паёми соли гузашта то Паёми навбатӣ, яъне дар муддати як сол дар кишвар пешравиҳои назаррас ва дастовардҳои гуногун ба чашм мерасанд.
Яке аз мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ- ин зиёд гардидани гурӯҳҳои ифротӣ ва шомилшавии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ба ин гурӯҳҳо мебошад. Тоҷикистон дар мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористию экстремистӣ аз давлатҳои пешсафи ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Танҳо соли 2018 дар мамлакати мо даҳҳо конференсияву мулоқотҳои сатҳи баланд оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди амалҳои террористӣ ва экстремистӣ баргузор гардида, дар ин роҳ таъсири мусбат расониданд. Зеро муборизаи дастаҷамъона бо терроризм ва экстремизм яке аз нуктаҳои асосии Паёми Сарвари давлат ба шумор меравад.
Дастоварди дигари Паёми соли гузашта он аст, ки зимни манзури он Сарвари давлат иброз доштанд, ки мақсади асосии давлату Ҳукумат- ин доштани муносибати хуб ва ҳамкории судманд бо дигар давлатҳои дунё, бахусус кишварҳои ҳамсоя мебошад, зеро чунин муносибат роҳи ҳалли ҳама гуна мушкилот ба ҳисоб меравад.
Торафт гарм шудани муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон самараи ҷаҳду талошҳои пайгирона ва босамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мебошад. Аз ин нуқтаи назар метавон гуфт, ки дар сатҳи баланд ба роҳ мондани муносибати Тоҷикистону Ӯзбекистон омили муҳими беҳтар шудани ҳамкорӣ миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ, рушди ҳамгироии минтақавӣ, муттаҳид намудани кишварҳо барои ҳалли проблемаҳои асосӣ буда, дорои аҳамияти муҳими геосиёсӣ ва стратегӣ барои тамоми минтақа мебошад.
Дар Паём зикр гардидааст, ки «мо вазифадорем боз ҳам бештар заҳмат кашида, ба иҷрои ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ноил гардем, диёрамонро то гӯшаҳои дурдасттарини он боз ҳам ободу зебо гардонем, корхонаву коргоҳҳои нав бунёд кунем, барои сокинон ҷойҳои корӣ муҳайё намоем ва сатҳу сифати зиндагии халқамонро аз имрӯза дида, баланд бардорем».
Ин таъкиди Пешвои миллат ҷомеаро водор сохт, ки бо азму ирода ва нангу номуси ватандорӣ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорҳо иншооти хизматию маиширо ба истифода диҳанд. Хусусан дар шаҳри Кӯлоб то арафаи ин ҷашни таърихӣ 890 иншооти замонавӣ барои хизмати мардум бунёд ва ба истифода дода мешаванд.
Воқеан, аз Паём то Паём пойтахти ҷумҳуриамон- шаҳри Душанбе симои худро ба куллӣ тағйир дода, бо дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат ба яке аз маконҳои зеботарини Тоҷикистон мубаддал гардидааст. Чунин корҳои созандагию ободкорӣ имконият фароҳам овардаанд, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ диққати садҳо нафар сайёҳони хориҷӣ ба давлатамон ҷалб гардида, барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намоянд.
Гуфта метавонем, ки соли 2018 барои мардуми тоҷик соли амалишавии ормонҳои миллӣ аст. Зеро дар ин сол орзуи чандинсолаи хурду бузурги мамлакат– ба кор оғоз кардани агрегати якуми иншооти тақдирсоз: Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва истеҳсоли барқи аввалин дар он амалӣ гардид. Барҳақ, НБО «Роғун» ҳамчун Кохи бузурги нур дилҳои мардуми моро ба имрӯзу оянда гарму равшан мекунад, дар рӯдҳои нурофари кишвар неругоҳҳои нави барқӣ бунёд мешаванд, захираҳои азими энергетикӣ ва азму талоши созандагии халқ бо ҳидоятҳои бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро беш аз ин шукуфонтар месозанд ва бо бунёди ин иншооти азим мардуми тоҷик ба саодати зиндагӣ комёб мегарданд.
Дар фарҷом бо итминони комил ва дилпурона изҳор мекунам, ки мо бо заҳмату фаъолияти аҳлонаи худ зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар ояндаи наздик мушкилотеро, ки дар ҳаёти ҷомеа ва давлатамон вуҷуд доранд, бартараф мекунем ва зиндагиамонро аз имрӯза дида, беҳтару сазовортар менамоем.








КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад






