Ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ бори аввал ба забони немисӣ тарҷума ва нашр шуданд

Декабрь 8, 2018 10:40

ДУШАНБЕ, 8.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Маҷмӯаи ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ таҳти унвони «Ишқи минӯӣ» бо забони немисӣ ба нашр расид. Маҷмӯа дар тарҷумаи Александр Ҳайзер тариқи нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд интишор ва дастраси хонандагон гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, китоб фарогири  тарҷумаи 17 ғазали Шайх Камоли Хуҷандӣ мебошад, ки бо муҳаббати хос аз ҷониби профессор аз Ҷумҳурии Федеративии Германия, раиси Ҷамъияти дӯстии Германия-Тоҷикистон Александр Ҳайзер анҷом пазируфтааст. Ашъори Шайх Камол бори аввал ба забони немисӣ тарҷума ва нашр мешавад.

Ба иттилои манбаъ, «Ишқи минӯӣ» бо пешгуфтори профессор Матлубаи Мирзоюнус роҷеъ ба зиндагӣ ва осори Камоли Хуҷандӣ оғоз шуда, ба хонандагони немис дар мавриди шинохти шахсияти шоири номвари тоҷик маълумоти ибтидоӣ медиҳад. Китоб бо ду забон — тоҷикӣ ва немисӣ нашр шудааст ва шомили маҳбубтарин ғазалҳои Камол мебошад.

Ёдрас мешавем, ки Камоли Хуҷандӣ яке аз донишмандони бузурги садаи XIV ба шумор меравад. Ӯ соли 1321 дар шаҳри Хуҷанд дида ба ҷаҳон кушодааст. Шоир дар ҳузури устодон аз китоби машҳури Саккокӣ «Мифтоҳ», ки дар он айём асоси таълими забон ва адабиёт ба шумор мерафт, «Алкашшоф»-и Замахшарӣ, «Матолеъ», «Мисбоҳ» ва ғайра дарс омӯхтааст.

Пас аз даргузашт аз шоир танҳо 14 ҳазор байт ёфтаанд, ки аз он шумор то замони мо зиёда аз 7 ҳазор байт расидааст.

Декабрь 8, 2018 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад