Ба Коллеҷи санъати ба номи Кароматулло Қурбонови шаҳри Кӯлоб мақоми ҷумҳуриявӣ дода шуд

Декабрь 7, 2018 15:33

ДУШАНБЕ, 7.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Коллеҷи санъати ба номи Кароматулло Қурбонови шаҳри Кӯлоб мақоми ҷумҳуриявӣ гирифт. Дар ин бора Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018 ба тасвиб расид.

Тавре зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» сармутахассиси шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураззоқ Самиев иброз дошт, Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов ягона муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи санъат дар вилояти Хатлон буда, бо супориши Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон аз 9 августи соли 1989 ба ҳайси филиали Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе таъсис ёфта буд. Бо қарори Шӯрои вакилони халқии шаҳри Кӯлоб аз 16 феврали соли 1993 Омӯзишгоҳи санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов гузошта шуд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2004 таълимгоҳ мақоми Коллеҷи санъатро доро гашт ва он аз соли 2004 ба ҳайси Коллеҷи санъат фаъолият дорад.

Ба иттилои манбаъ, дар шуъбаҳои рӯзонаи коллеҷ 146 нафар ва дар шуъбаҳои ғоибона 162 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд. Ба донишҷӯён 37 нафар омӯзгорони соҳибихтисос дарс мегӯянд, ки аз онҳо 3 нафар Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 нафар Аълочиёни фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар Аълочиёни маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар номзадҳои илм, 2 нафар узви  Иттифоқи композиторони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 нафар узви  Иттифоқи рассомони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Дар коллеҷи мазкур дар раванди таълим аз рўи ихтисосҳои иҷрокунандаи созӣ, рассомӣ, дирижёри хори халқӣ, фортепиано, сурудхонӣ, китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ, эҷодиёти халқ ва дирижёри хори академӣ мутахассисони касбӣ  тайёр  мешаванд.

Омӯзгорони Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, баҳри тайёр намудани мутахассисони соҳибтаҷриба тамоми ҷидду ҷаҳдро роҳандозӣ менамоянд.

Декабрь 7, 2018 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид