Ба муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарии ноҳияҳо 20 адад мошини ёрии таъҷилӣ тақдим гардид

Декабрь 27, 2018 11:05

ДУШАНБЕ, 27.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. 20 адад мошини ёрии таъҷилӣ  ба муассисаҳои шабакаҳои кумаки аввалини тиббию санитарии ноҳияҳои Деваштич, Мастчоҳ, Фархор, Данғара, Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ишкошим тақдим карда шуданд.  Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, аз ҷониби Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ», ки дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад, бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ 20 адад мошини ёрии таъҷилӣ бо арзиши 5 миллиону  640 ҳазор сомонӣ (ҳар яке 282 000 сомонӣ баробар ба 30 000 доллари ИМА) харидорӣ карда шуд.

Мошинҳои ёрии таъҷилиро Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода ба роҳбарони шабакаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ   супорид. Вазир ҳамзамон таъкид намуд, ки ин мошинҳо бояд ба сокинони деҳаҳои дурдасти ҷумҳурӣ, ки дар масофаҳои дур аз беморхонаҳо ва марказҳои ноҳиявӣ ҷойгиранд, хизмати босифат ва саривақтӣ расонанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ин мошинҳо барои расонидани кумаки аввалини тиббию санитарӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуда, дар дохили он то интиқоли беморон ба беморхона ба маризон кумаки босифат расонидан мумкин аст.

Нақлиёти  ёрии таъҷилӣ тамғаи «Фотон», истеҳсоли корхонаи мошинсозии Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, ба тамоми меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад. Мошинҳои ёрии таъҷилӣ ба шароити  навоҳии Тоҷикистон мувофиқ гардонида шуда, барои таҳвили маризон ба беморхона ва расонидани кумаки аввалини тиббию санитарӣ мусоидат мекунанд. Мошини мазкур дорои 3 ҷои нишаст барои мутахассисони тиб, рахти хоб, занбари таҳвилдиҳанда, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, системаи зиддибактериявӣ ва дастгоҳи назорати иқлими дохилӣ мебошад.

Ин нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба марказҳои саломатие пешниҳод гардиданд, ки аз маркази ноҳияҳо дар масофаи дуртар ҷойгир шуда,  шумораи аҳолиашон аз дигар деҳаҳо бештар аст.

Роҳбарони шабакаи кумаки аввалини тиббию санитарии ноҳияҳои мазкур аз ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки дастрасӣ ба ин нақлиёти ёрии таъҷилӣ кори онҳоро дар сатҳи деҳот ба маротиб осон менамояд. Зеро он барои расонидани кумаки саривақтӣ, таҳвили беморон ба беморхона ва маркази саломатии ноҳиявӣ мусоидат мекунад.

Аҳолии дурдасти ин ноҳияҳо солҳо орзуи марказҳои саломатии замонавӣ ва чунин мошинҳои ёрии таъҷилиро доштанд. Онҳо дар арафаи Соли нави мелодӣ чунин туҳфаи арзандаро ба хушӣ пазируфтанд.

Хотиррасон менамоем, ки 26 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба парлумони мамлакат роҷеъ ба масъалаҳои ҳалталаби соҳаи нигоҳдории тандурустӣ чунин таъкид намуданд:

«Мо ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида истодаем.

Ҳоло дар 19 шаҳру ноҳияи мамлакат «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019» амалӣ гардида истодааст ва ин таҷриба давра ба давра тамоми кишварро фаро мегирад.

Илова бар ин, дар давоми се соли оянда дар кишвар беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешаванд.

Бо вуҷуди пешравиҳо, ҳоло низ баъзе камбудиҳо, аз ҷумла дар масъалаи расонидани кумаки аввалияи тиббӣ, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешавад, ба мушоҳида мерасанд.

Аз арзу шикоятҳои сокинони мамлакат ба унвони Дастгоҳи иҷроияи Президент бармеояд, ки дар баъзе муассисаҳои тиббӣ ҳангоми расонидани кумаки аввалияи тиббӣ аз соҳибони шахсони бемору корафтода маблағ ва доруворӣ талаб карда мешавад, ки ин хилофи қонун мебошад.

Яке аз масъалаҳое, ки бо вуҷуди таъкидҳои доимӣ ислоҳ нашуда истодааст, ҳоло ҳам паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон мебошад ва роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадоранд, ки дар ин самт тадбирҳои муассир андешанд».

 

Декабрь 27, 2018 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус