Баррасии роҳҳои татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» — дар муҳокимаи парлумонӣ
ДУШАНБЕ, 21.12.2018/АМИТ «Ховар»/. «Рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» дар самти таъмини амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳокимаи парлумонӣ, ки имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев бо иштироки масъулони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат доир гардид, баррасӣ шуд.
Зикр шуд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, ки баробари дигар се ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон — баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан ва вусъати шуғли пурмаҳсул яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 ҳадафҳои миллиро дар сатҳи сифатан нав тарҳрезӣ намуданд, ки ин аз ба марҳилаи нави рушд гузаштани Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Гуфта шуд, ки бо назардошти муҳимияти соҳаи кишоварзӣ дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат бо дастури бевоситаи Пешвои миллат марҳилаи ҳалкунандаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ оғоз гардид. Мақсади он, пеш аз ҳама, таъмини адолати иҷтимоӣ дар истифодаи замин, ташаккули имкониятҳои бештари иқтисодии истеҳсолоти кишоварзӣ ва таъмин намудани аҳолӣ ба маҳсулоти хушсифат мебошад.
Тадбирҳои амалигардида имконияти сол аз сол беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии аҳолиро ба миён оварда истодаанд. Танҳо давоми солҳои 2011-2017 истифодаи даромади аҳолӣ барои хариди хӯрокворӣ аз 67,3 фоизи соли 2011 то ба 49,2 фоизи соли 2017 кам гардида, мутаносибан барои хариди маҳсулоти ғайриозуқа, пардохти хизмати шахсӣ ва истеҳсолӣ равона шудааст.
Таъкид шуд, ки Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ соли 2017 аз ҳолати ба бозори истеъмолии кишвар ворид гардидани маҳсулоти пастсифат нигаронӣ намуда, мақомоти ваколатдори дахлдори давлатиро вазифадор намуданд, ки доир ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
Истифодаи имкониятҳои мавҷуда дар самти коркард, бандубаст ва афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти соҳа, ворид намудани технологияҳои нав, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, баланд бардоштани маданияти истифодаи замин, ташкили марказҳои догистикӣ, сардхонаҳо ва беҳтар намудани корҳои бозорёбӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳиманд.
Назар ба андешаи иштирокдорони муҳокимаи парлумонӣ, иҷрои ин вазифаҳо дар матритсаи банди 3.2 «Бахши аграрӣ. Бехатарии озуқаворӣ ва фароҳам овардани дастраси ба ғизои хушсифат» — и Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020 саҳеҳ ва шаффоф пешбинӣ гардида, иҷрои онҳо дар заминаи такмили идоракунии бахши кишоварзӣ таъмин карда мешавад.








Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон






