БАЗМИ ЗЕБО. Бахшида ба 55–солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии CCCР Зебо Аминзода маҳфили ҳунарӣ барпо мегардад

Декабрь 11, 2018 15:00

ДУШАНБЕ, 11.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. 17 декабри соли ҷорӣ, соати 17:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 55–солагии фаъолияти эҷодии  Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва  Ҳунарпешаи халқии СССР  Зебо Аминзода барномаи консертӣ таҳти унвони «Базми Зебо» баргузор мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар барномаи консертӣ ҳунарпешаҳои гурӯҳҳои рақсӣ аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Зебо Аминзода аз зумраи саршиносони санъати касбии тоҷик ба ҳисоб рафта, саҳми ин устоди рақс дар рушди санъати волои тоҷик беназир мебошад. Мавсуф дар санъати рақси миллии тоҷик таҳаввулоти бузург ворид сохт, ки имрӯз даҳҳо шогирдони ӯ идомадиҳандаи кори устод мебошанд.

Ансамбли  давлатии рақсии  «Зебо» — и   Кумитаи  телевизион  ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон    11  майи  соли  1979 таъсис  ёфта буд. Зебо  Аминзода, ки  он  вақт  вазифаи  роҳбарии  ансамблро ба  уҳда дошт, дар  асоси озмун  25  нафар  духтаронро интихоб  намуд. Баъдан  10  нафар духтарони  зебою  мавзунқомат  ба  ин ансамбл  қабул  шуданд.

Раққоса  ва хореографи  боистеъдод  ҳар  сол  10 – 12  рақси  навро  рӯи  саҳна  меовард. Ансамбли  ӯ  тайи  якчанд  сол  на фақат дар  Тоҷикистон,  балки  дар  ҳудуди  собиқ  ИҶШС  ва берун  аз он  машҳур  гардида,   дар  бисёр  кишварҳои  ҷаҳон  ҳунарнамоӣ  кард. Ансамбли  мазкур  соҳиби мукофоти Комсомоли ленинии собиқ СССР  гардида, соли  1986 роҳбари  он  сазовори унвони  фахрии  Ҳунарпешаи  халқии СССР   гардид.

Ёдовар мешавем, ки Зебо  Аминзода  хатмкунандаи Омӯзишгоҳи хореографии  Москва дар  назди  Театри  Калони Россия ва Мактаби  олии  рақсу   хореографии  Тошканд,  дорандаи  медали  тиллои Фестивали  9–уми  умумиҷаҳонии  ҷавонону  донишҷӯён  дар  София мебошад.

Декабрь 11, 2018 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид