БИШНАВ АЗ НАЙ… Дар Ҷумҳурии Корея китоби Раҷабалӣ Қудратов дар бораи яке аз асбобҳои қадимаи мусиқии тоҷик ба табъ расид

Декабрь 7, 2018 09:40

ДУШАНБЕ, 6.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Корея бо ташаббуси Маркази фарҳангшиносии Осиё асари нависандаи тоҷик Раҷабалӣ Қудратов таҳти унвони «Шоҳдухтари дилдода» ба нашр расид.

Тавре зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» муаллифи асар Раҷабалӣ Қудратов иброз дошт, он бо забони тоҷикӣ нашр шуда, қабл аз ин бо забонҳои кореягӣ, русӣ ва англисӣ низ ба табъ расида буд.

«Шоҳдухтари дилдода» ривоятест, ки дар бораи яке аз асбобҳои машҳури мусиқии тоҷикӣ – най ва таъсиру асрори он ҳикоят мекунад.

Рассоми моҳир Ким Сонхи, ки дар чандин озмунҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён гардидааст, асарро хеле ҷолибу дилангез оро додааст. Расмҳои моҳирона офаридаи ӯ имкон медиҳанд, ки хонанда бо фарҳанги Тоҷикистон, аз ҷумла санъати меъморӣ, либосҳои миллӣ ва манзараҳои ҷолибу нотакрори табиати кишвари мо шинос гардад.

Тасвирҳои рамзӣ ҳолати рӯҳии шоҳдухтар – қаҳрамони асарро хеле равшан баён намудаанд.

Дар китоб инчунин дар бораи Тоҷикистон чун давлати  соҳибистиқлол ва сарсабзу обод маълумоти мухтасар дода шудааст.

Китоби мазкур барои доираи васеи насли наврас хеле ҷолибу хонданӣ буда, диққати онҳоро ба мутолиаи асарҳои бадеӣ ҷалб менамояд.

Бояд зикр намуд, ки равобити фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Корея беш аз пеш рушду таҳким ёфта, самараи хуб ба бор меоранд.

Ёдовар мешавем, ки нависанда Раҷабалӣ Қудратов Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро хатм намуда, солҳои зиёд дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор намудааст. Ӯ муаллифи беш аз 500 мақола, эссе ва ҳикояҳо мебошад. Ба қалами ӯ силсилаи мақолаҳо дар бораи устод Рӯдакӣ, китобҳои «Назми ҷаҳонтоб», «Бар фарози қуллаҳо» ва як силсила драммаҳо, амсоли «Фарзанди Осиё», «Ҳамсафар», «Ишқи Ватан», «Рӯ ба сӯи хуршед» мансубанд.

Декабрь 7, 2018 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид