БОРИ АВВАЛ ДАР ТАЪРИХИ АВИАТСИЯИ ТОҶИК! «Сомон Эйр» дар масири Душанбе-Шарм-ул-шайхи Миср парвози чартерӣ анҷом дод

Декабрь 31, 2018 09:37

ДУШАНБЕ, 31.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бори  нахуст дар таърихи авиатсияи граждании тоҷик дар остонаи Соли нави мелодии 2019    ширкати ҳавопаймоии  «Сомон Эйр» дар хатсайри Душанбе-Шарм-ул-шайх /Миср/ аввалин парвози  чартерии мустақим  анҷом дод.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки мусофирони аввалини хатсайри чартерии Душанбе-Шарм-ул-шайхро директори  Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода, муовини директори ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Сӯҳроб Ҷӯраев ботантана гусел намуданд. Ширкати  сайёҳии «Компас»  фармоишгари  хатсайри чартерии  Душанбе –Шарм-ул-шайх буда,  намояндагии  ширкати мазкурро дар Тоҷикистон  ширкати «Трансавиа Экспресс» бар уҳда дорад.

Бояд тазаккур дод, ки  бори нахуст  бо ҳавопаймои Боинг 737-800  168 нафар мусофир аз Душанбе ба  самти Шарм-ул-шайх сафар карданд. Парвозҳо аз Душанбе ба ин самт дар ҳар  10 рӯз як маротиба иҷро гардида, вақти парвоз аз Душанбе то Шарм-ул-шайх  5 соатро ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки  алҳол ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба кишварҳои Германия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон муваффақона анҷом медиҳад. Парки ҳавопаймоии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, 737-800 ва 737-900 иборат мебошад.

Декабрь 31, 2018 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд