БОЗ ЯК ХУШХАБАР! Фестивали тобистонаи Душанбе-«Dushanbe Summer Fest»-2018 сазовори ҷои дуюм гардид

Декабрь 8, 2018 09:30

ДУШАНБЕ, 08.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Фестивали тобистонаи Душанбе-«Dushanbe Summer Fest»-2018,   ки рӯзҳои 18 ва 19 августи соли равон  бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар пойтахт баргузор гардида буд,   сазовори  НУҚРА-   мукофоти байналмилалӣ дар соҳаи  баргузориии чорабинӣ  ва рӯйдодҳои маркетингии  Осиёи Марказӣ   («Event Awards Central Аsia»)  гардид.  

Тибқи натиҷагирии   ташкилоти   мазкур     дар номинатсияи   «Беҳтарин чорабинии оммавӣ»,  ки  он   миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон   ва Қазоқистон  доир гардид,  Фестивали тобистонаи Душанбе-«Dushanbe Summer Fest»-2018 , ки дар он зиёда аз 40 ҳазор одамон иштирок намуда буданд,   сазовори ҷои дуюм гардид.

Тавре  аз  Раёсати  иттилоот  ва  робитаҳои  хориҷии дстгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар  ҳайати  баҳодиҳандагони  ин лоиҳа   маъруфтарин намояндагони воситаҳои ахбори омма ва  аҳли фарҳанги Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон,  Латвия  ва  Молдавия  иштирок доштанд.

Ёдовар мешавем,  ки дар  Фестивали тобистонаи Душанбе—«Dushanbe Summer Fest»-2018  бо даъвати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе    гурӯҳи  оббозони ҳавоӣ аз Кумитаи сайёҳии  Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок доштанд.

Дар Фестивали мазкур  аз ҷониби  гурӯҳи мазкур доир ба тарзи истифода ва парвози пуфакҳои ҳавоӣ  машғулиятҳои омӯзишӣ   гузаронида шуда, сипас   чанд адад  пуфакҳои ҳавоӣ  ба  фазо   сар  дода шуданд.

Дар ин Фестивал барои бачаҳо таҳти унвони «Шаҳри афсонаҳо» ҳар гуна барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла бо иштироки ҳунармандони театрҳои  пойтахт  намоишҳои мазҳакавӣ ва ҳазлу шухӣ пешниҳод  гардид.

Ба иштирокдорони Фестивал барномаи фарҳангӣ-фароғатие, ки   бо ҳунарнамоии  санъаткорони машҳур, аз  ҷумла  Парвиз Назаров, Баҳром Ғафурӣ,  гурӯҳи  «Авесто»  ва овозхони  ҷавону умедбахш Меҳрона Ғайбуллоева доир гардид,  хуш омад.

Дар Фестивал  ҳамчунин барои сайругашти оилавии шаҳрвандон тамоми шароит фароҳам оварда шуда, таҳти унвони «Ғизои болаззат»  хӯрок ва дигар маҳсулоти  миллӣ  ба намоиш ва  фурӯш гузошта шуданд. Дар фестивал ҳамчунин  намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ба иштирокдорон таъомҳои миллии худро пешниҳод намуданд.

Декабрь 8, 2018 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад