Дар Қатар ба олими тоҷик Саидраҳмон Сулаймонӣ барои таълифи «Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ» ҷоиза тақдим намуданд
ДУШАНБЕ, 13.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. 11-12 декабри соли равон дар пойтахти давлати Қатар- шаҳри Давҳа конфронси байналмилалии тарҷумонӣ ва тафоҳуми байналмилалӣ бо ҳузури олимону тарҷумонҳои варзида, намояндагони доираҳои илмии беш аз 20 кишвари ҷаҳон баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур таълифоти олимони тоҷик низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, бо қарори ҳайати доварони байналмилалӣ китоби «Фарҳанги арабию тоҷикӣ» -и Сарходими маркази «Синошиносӣ»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор Саидраҳмон Сулаймонӣ дар бахши беҳтарин фаъолият дар соҳаи тарҷумонӣ ва фарҳангнигорӣ сазовори мақоми аввал эълон шуд.
Ҳамчунин 12 декабри соли равон дар шаҳри Давҳа маросими расмии супоридани ҷоизаи Шайх Ҳамад дар соҳаи тарҷумонӣ ва тафоҳуми байналмилалӣ баргузор гардид. Намояндаи шахсии Падарамири Давлати Қатар ҳамчун нишони қадрдонӣ аз рушди илму маърифат дар Тоҷикистон ва саҳми олимони тоҷик дар тақвияти робитаҳои байналмилалӣ ҷоизаи мазкурро ба профессор Саидраҳмон Сулаймонӣ барои таълифи «Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ» тақдим намуд.
Мавриди зикр аст, ки мактаби шарқшиносӣ, бахусус мактаби арабшиносии тоҷик, ки ҳамеша бо дастовардҳои илмию адабӣ ва фаъолиятҳои тарҷумонии худ дар кишварҳои пасошӯравӣ ва хориҷ аз он мақоми пешсафӣ дорад, тайи солҳои истиқлолият бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таълифоти нав хазинаи осори илмию маърифатии мардуми тоҷикро ғанитар сохта, оину суннати фарҳангдӯстии миллати моро дар саросари ҷаҳон муаррифӣ мекунад.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






