Дар Душанбе ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо муовини раиси Шӯрои миллии сиёсии машваратии музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин Ванг Ёонг ва ҳамроҳонаш, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, мулоқот намуд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо зимни суҳбат масоили ҳамкории байнипарлумонии кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зикр шуд, ки робитаҳои байнипарлумонӣ ба раванди мукаммал гардонидани ҳамшарикии дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин бо мазмуну мундариҷаи нав метавонанд дар сатҳи назаррас мусоидат намоянд.
«Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии робитаҳои байнипарлумонӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ ва илмию фарҳангӣ, ки самтҳои асосии ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷониба ташкил медиҳанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, хоҳони густариши минбаъдаи онҳо гардиданд»,- хабар дод манбаъ.
Бояд гуфт, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон намудани сиёсати «дарҳои боз» робитаҳои мутақобилаи мамлакати мо бо кишварҳои хориҷӣ дар сатҳи назаррас ба роҳ монда шудаанд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун шарики стратегӣ дар ин миён мақоми хос дорад.
Дар мулоқот инчунин доир ба ҳамкории ду ҷониб дар доираи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ табодули назар карда шуд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






