Дар Душанбе бахшида ба фарорасии Соли нав ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор мегарданд

Декабрь 18, 2018 09:30

ДУШАНБЕ, 18.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 31 декабри соли 2018 дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор мегарданд. Ин ярмаркаҳо  дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт дар арафаи Соли нави мелодии 2019  ташкил карда мешаванд.

Тавре  аз  Раёсати  иттилоот  ва  робитаҳои  хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд, кишоварзони вилояти Суғд дар КВД «Бозори Меҳргон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, деҳқонони  шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Лахш, Файзобод, Рашт, Нуробод, Тоҷикобод ва Сангвор дар бурриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон),  намояндагони хоҷагиҳои деҳқонии  шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор ва ноҳияҳои Шаҳринаву Рӯдакӣ  дар майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и ноҳияи Сино ва  деҳқонони  вилояти Хатлон дар майдончаи назди КВД «Бозори Саховат»-и ноҳияи Фирдавсӣ маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро ба сокинону меҳмонони шаҳр бо нархҳои дастрас пешниҳод менамоянд.

Ҳамчунин дар ярмаркаҳо аз ҷониби Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва Агентии захираҳои моддии давлатӣ маҳсулоти мавриди ниёзи аввал манзур карда мешавад.

Рустами Эмомалӣ  ба раисони ноҳияҳои пойтахт супориш додааст, ки   дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳрӣ бобати дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани  ин ярмаркаҳо, ҷойгир кардани ғуфра ва растаҳои  савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошанд,  тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Раиси шаҳр ҳамчунин бо ин қарор  сохторҳои марбутаи пойтахтро вазифадор намуд, ки  риояи  қоидаҳои савдо, тартиботи ҷамъиятӣ ва зиддисӯхторӣ, сифат, нархи маҳсулот ва  талаботи санитарию гигиениро дар доираи салоҳияти худ таъмин намоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро  ба ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал даъват менамояд.

Декабрь 18, 2018 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид