Дар Душанбе ғолибони озмуни «Китоби сол-2018» муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 29.12.2018. /АМИТ/ «Ховар»/. Имрӯз дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2018» ҷамъбаст гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, озмун бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муҳтаво ва ороиши китобҳо баргузор карда шуд.
Дар оғози барнома муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб ҳозиринро барои иштироки фаъолона дар озмун табрик намуда, иброз дошт, ки мақсад аз баргузории озмун дарёфти беҳтарин асарҳои бадеии муосири тоҷик аст, ки ба меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ ҷавобгӯй бошанд. Инчунин асарҳое, ки ба озмун пешниҳод гардиданд, фарогири мавзӯъҳои ваҳдати миллӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, тарғиби дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва ба ин восита, арҷгузорӣ ба тамаддун ва фарҳанги миллӣ буданд.
Озмун аз рӯи шартҳои маҳорати маъниофарӣ, риояи санъати сухан, бадеият, забон, услуб, пайвастагии афкор ва банду басти силсилаи воқеаҳо, мувофиқати мазмуну мундариҷаи асар бо талаботи замони муосир гузаронида шуд.
Ба ғолибони китобҳои назм, наср, публисистӣ ва назму насри бачагона диплому мукофотҳои соҳавӣ ва моддии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.
Дар бахши назми озмун Гулрухсор Сафиева барои таълифи китоби «Лабчанг», Камол Насрулло барои китоби «Дар оғӯши хазонрез» ва Гурез Сафар барои китоби «Се тори ҳамнаво» ғолиб гардиданд.
Дар бахши наср Сироҷиддин Икромӣ барои таълифи китоби «Боздошти муҳоҷир», Абдурауф Муродӣ барои китоби «Пайкори мӯрон» ва Шодӣ Раҷабзод барои нашри китоби «Ранҷиш» қадрдонӣ гардиданд.
Инчунин дар озмун як зумра асарҳои публисистӣ низ ғолиб дониста шуданд. Аз ҷумла, нависанда Туҳфа Расулӣ барои асари «Духтари баҳор» ва Маҷид Салим барои ҳикоёти «Бешаи палангон» ғолиб дониста шуданд.
Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Камол Насрулло ва яке аз ғолибони озмун зимни барномаи фарҳангӣ иброз дошт, ки мақсад аз баргузории озмун он аст, ки ба ин восита ҷавонон ба китобхонӣ майлу рағбати бештар пайдо намоянд.
«Гузаштагони мо китобро манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақлу хирад, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, оинаи ҳаёти башар, калиди ҳама муваффақиятҳо ва бештар аз ҳама, аниси кунҷи танҳоӣ ва фурӯғи субҳи доноӣ номидаанд»,- зикр намуд Камол Насрулло.
Мавриди зикр аст, ки озмун бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.










«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
29 август дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоишгоҳи муштараки маҷозии Тоҷикистон ва Эрон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид
«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва ноҳияи Файзобод баргузор мегарданд
Дар Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб баргузор шуд
Имрӯз рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа баргузор мегарданд
БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд






