Дар Душанбе «Озмоишгоҳи марказии назорати истеҳсоли оби нӯшокӣ» ба истифода дода шуд

Декабрь 27, 2018 18:57

ДУШАНБЕ, 27.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Озмоишгоҳи марказии назорати истеҳсоли оби нӯшокии Корхонаи воҳиди давлатии  «Обу корези шаҳри Душанбе» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,    озмоишгоҳи мазкур бо мақсади ба роҳ мондани ташхису озмоиши сифати оби нӯшокӣ дар пойтахти мамлакат бунёд гардидааст.  Бинои озмоишгоҳ аз  ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои ҳуҷраҳои барҳавои ташхисию корӣ ва маҷлисгоҳ барои 60 ҷой мебошад.

Зимни  шиносоӣ ба Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ иттилоъ доданд, ки дар ин озмоишгоҳ утоқҳои ташхиси умумии кимёвӣ, ташхиси мухтасари кимёвӣ, вазнбаркашӣ, ташхиси бактериологӣ, моеърезӣ, шустушӯи зарфҳо, анбор барои нигоҳдории дастгоҳу лавозимот ва моеъоти марбутаи соҳа фароҳам оварда шуда, ҳамаи ҳуҷраҳо  бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири озмоишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Ҳуҷраҳои кории муҳандисони озмоишгоҳ низ бо технологияи иттилоотӣ ва шабакаи интернет пайваст гардида, баҳри боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти кормандон мусоидат хоҳад кард.

Корҳои сохтмонии Озмоишгоҳи марказии назорати истеҳсоли оби нӯшокии  КВД «Обу корези шаҳри Душанбе» моҳи июли соли  равон  оғоз гардида, дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ба истифода дода шуд.

Фармоишгари ин иншоот Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе буда, пудратчии он  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Текстилконттрактрасстрой» мебошад.

Тавре иттилоъ дода шуд, давоми соли равон  баҳри беҳтар кардани таъминоти оби нӯшокӣ ва партовҳо дар пойтахти мамлакат аз  буҷаи шаҳри Душанбе 12 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Рустами Эмомалӣ зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои анҷомдодашуда ба фаъолияти сохтмончиён баҳои баланд дода, зикр намуд, ки бунёди чунин иншоот, қабл аз ҳама, ба фароҳам овардани зиндагии шоиста барои сокинони мамлакат равона гардидааст.

Зимни анҷоми корҳои сохтмонӣ низоми гармидиҳандаи бинои озмоишгоҳ пурра васлу насб ва ба шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳр пайваст карда шудааст.

Ҳамзамон Озмоишгоҳи марказии назорати истеҳсоли оби нӯшокии КВД «Обу корези шаҳри Душанбе» бо мошини сайёр муҷаҳҳаз гардидааст, ки барои санҷиши дақиқу пурсамари оби нӯшокӣ ва фаъолияти пурмаҳсули кормандон мусоидат менамояд.

Кормандони Озмоишгоҳ аз фароҳамории  чунин шароити корӣ ва таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири техникӣ, ки  бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар як давраи кӯтоҳ  роҳандозӣ гардидааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Бояд таъкид намуд, ки бештари кормандони ин Озмоишгоҳро занону духтарон ташкил дода, онҳо дар ин соҳа  мутахассиси баландихтисос гардидаанд.

Бо бунёди бинои замонавии Озмоишгоҳи марказии назорати истеҳсоли оби нӯшокии    КВД «Обу корези Душанбе» шумораи кормандону муҳандисон ба 40 нафар расонида шуда, дастгоҳу таҷҳизоти муосир ва шароити фароҳамовардашуда имкон медиҳад, ки дар озмоишгоҳ 30 намуди ташхис гузаронида шавад.

Рустами Эмомалӣ таъкид намуд, ки то таҷлили ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бунёди чунин инфрасохтори иҷтимоӣ, ки ба некуаҳволии мардум равона гардидааст, дар пойтахт вусъат меёбад.

Хотиррасон менамоем, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30- солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар асоси дастуру ҳидоятҳои роҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе корҳои созандагиву ободонӣ вусъати тоза касб мекунанд.

Дар ин робита баҳри таъмини сокинони пойтахт бо оби нӯшокии аз ҷиҳати экологӣ тоза тайи солҳои охир аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Натиҷаҳо дар ин самт назаррасанд.

Декабрь 27, 2018 18:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад