Дар Душанбе табибони Тоҷикистон ва Туркия таҷрибаи ҳамдигарро меомӯзанд

Декабрь 11, 2018 14:00

ДУШАНБЕ, 11.12.2018. /АМИТ «Ховар» /. Дар шаҳри Душанбе ба 33 нафар табибон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон оид ба аҳамияти санҷиши шунавоии кӯдакони навзод дарси назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ  «Ховар» хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи дарси мазкур муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, ҳамоҳангсози барномаи ТИКА дар шаҳри  Душанбе Тарик Мете ва дигарон  иштирок намуданд.

Ба иттилои манбаъ, барномаи омӯзишии мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ТИКА баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории он дар Тоҷикистон ҷорӣ намудани таҷрибаи Туркия дар самти аз санҷиши шунавоӣ гузаронидани кӯдакони навзод мебошад.

Бояд гуфт, ки дар Туркия 98 фоизи кӯдакони навзод аз санҷиши шунавоӣ гузаронида мешаванд.

Зикр шуд, ки ин марҳилаи аввали лоиҳа буда, дар марҳилаи дуюми он аз ҷониби табибони турк дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон чунин дарсҳо гузаронида мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки дар ин марҳила ба беморхонаҳои гуногуни минтақаҳои Тоҷикистон тақдим намудани таҷҳизоти санҷиши шунавоӣ дар назар аст.

 

Декабрь 11, 2018 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд