Дар Хатлон беш аз 1800 кг маводи доруворӣ, тиббӣ ва ороишию гигиении муҳлати истифодаашон гузаштаро сӯзониданд

Декабрь 7, 2018 14:00

ДУШАНБЕ, 7.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон беш аз 1800 кг маводи доруворӣ, тиббӣ ва ороишию гигиениро, ки муҳлати истифодаашон гузаштааст, нобуд кард. Маводи аз муомилот гирифташуда дар ҳузури комисияи босалоҳият сӯзонида шуд.

Тавре аз Сарраёсати мазкур дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, танҳо тайи се моҳи охир 326 номгӯй ба миқдори 10 ҳазору 645 адад маводи доруворӣ, тиббӣ ва ороишию гигиенӣ, ки ба талаботи меъёрию ҳуқуқӣ ҷавобгӯ набуданд, аз муомилот гирифта шуданд. Аз ин  шумора 176 номгӯй дар асоси аризаҳои муроҷиатии се ширкати фармасевтӣ барои безарар нобуд намудан ба Сарраёсати номбурда супорида шуданд. 150 номгӯй зимни санҷишҳои назорати мутахассисони Сарраёсат аз муомилот гирифта шудааст.  Дар маҷмӯъ маводи мусодирашуда 147 ҳазору 630 сомониро ташкил медиҳанд.

Мутахассисони Сарраёсат дар 11 моҳи сипаришуда 856 номгӯй ё ба миқдори 225 ҳазору 712 адад маводи доруворӣ, тиббӣ ва ороишию гигиениро, ки 593 ҳазору 269 сомониро ташкил медод, аз муомилот гирифтаанд.   Аз ин 379 номгӯй дар асоси аризаҳои муроҷиатии 10 муассисаи фармасевтӣ ва 128 номгӯй аз Беморхонаи дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон барои нобуд сохтан ба Сарраёсат супорида шуданд. Ҳамчунин 349 номгӯй зимни санҷишҳои назоратии мутахассисони Сарраёсат аз муомилот гирифта шуд.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмин намудани солимии аҳолӣ,   паст кардани сатҳи беморӣ,  фавти модару кӯдак, пешгирии бемориҳои гуногуни сироятӣ, баланд бардоштани сифати кумаки тиббиву санитарӣ, назорати бехатарии маводи доруворӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа ҳамешасухан гуфта, солимии миллатро боигарии давлат номидаанд. Сарвари давлат бахусус зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш- 1 сентябри соли равон дар назди устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино кормандони соҳаи тибро ба софдилию поквиҷдонӣ ва эҳтиром ба касби худ даъват намуданд.

Дар ин радиф тамоми сохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бартараф намудани камбудиҳо ва боло бурдани сатҳи хизматрасонии тиббӣ  кӯшиш ба харҷ медиҳанд.  Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сарраёсатҳои он дар вилоятҳои ҷумҳурӣ яке аз  сохторҳое мебошад, ки  сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакатро дар соҳаи тандурустии кишвар ҳамаҷониба татбиқ намуда, баҳри ободии ҷомеа ва сиҳатмандии тамоми сокинони мамлакат  талош меварзад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра аз тарафи мутахассисони Сарраёсати мазкур  179 муассисаи фармасевтӣ, 163 муассисаи соҳаи тандурустии вилояти Хатлон ва 164 нуқтаи фурӯши маводи ороишию гигиенӣ, ғизои кӯдакона ва иловагиҳои фаъоли биологӣ аз санҷишҳои назоратӣ гузаронида шуданд.

Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо аз тарафи мутахассисон вобаста ба қонунвайронкуниҳо 3 ҳазору 878 санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки дар маҷмӯъ маблағи умумии ҷаримаҳо 683 ҳазору  650 сомониро ташкил медиҳад.

Декабрь 7, 2018 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд