Дар Маҷлиси намояндагон оид ба мавзӯи «Дипломатия ва одоби ташрифоти расмӣ» машварат баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 06.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, кормандони масъули дастгоҳи Парлумони касбии мамлакат дар мақоми олии қонунбарори кишварамон оид ба мавзӯи «Дипломатия ва одоби ташрифоти расмӣ» семинари машваратӣ баргузор гардид.
Дар назди иштирокчиёни семинари мазкур мудири шуъбаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва протоколии дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Хушмуҳаммад Нуриддинзода иброз намуд, ки сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи тоҷик яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати давлат ва фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ба таърихи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ назар афканда, мебинем, ки дар ин самти муҳим корҳои арзанда ба анҷом расида, дар баланд бардоштани иқтидори кишвар ва шинохти он дар арсаи байналмилалӣ иқдомҳои зиёд рӯи кор омадаанд.
Бо шарофати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дипломатияи тоҷик дар даврони истиқлолият дар ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ-бартараф кардани низои дохилӣ тавассути ҷараён додани гуфтушунид бо мухолифин, бартараф сохтани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо иштироки ҷомеаи ҷаҳонӣ, рушду тавсеа бахшидан ба ҳамкории иқтисодӣ бо ҳамёрони хориҷӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба лоиҳаҳои гуногуни кишвар нақши муассир дошт.
-Тайи солҳои охир, -гуфт Хушмуҳаммад Нуриддинзода,- бо ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо шарофати дипломатияи сиёсати «дарҳои боз» ва ҷалби кишварҳои гуногун ба ҳамкории судманд дар кишвар лоиҳаҳои зиёде дар соҳаҳои саноат, энергетика, коммуникатсия амалӣ шуданд, ки барои рушди устувори давлати мо заминаҳои мустаҳкам гузоштанд. Дигар самти муҳим — иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар ҳалли масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад, ки дар ин маврид низ дастовардҳои мо чашмрасанд.
Маҳз бо шарофати дипломатияи тоҷик чандин ташаббусҳои кишвари мо, бахусус дар ҳалли масъалаҳои обу энергетика, мубориза алайҳи терроризм, тундгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти Афғонистон аз ҷониби соири кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфта, тадриҷан амалӣ мешаванд.
Дипломатия – ин пешниҳоди малакаи зеҳнӣ дар муносибати расмии байни давлатҳои мустақил буда, ба таври дигар ҳамчун муносибати корӣ ё муоширати байни давлатҳо дар фазои сулҳ низ маънидод мегардад.
Дар донишгоҳи Оксфорди Лондон дипломатияро аз соли 1897 инҷониб меомӯзонанд. Дипломатҳои бузурги асрҳои гузашта, ба монанди Наполеон, Ришеле, Талейран ва дипломатҳои муосир, ба монанди Лавров С.В. ва академик Талбак Назаров дар ин соҳа ҳамчун нобиғаҳои дипломатияи дунявӣ нақши худро гузоштаанд.
Дар забони англисӣ калимаи дипломатияро зиёда аз ду аср боз бо мафҳуми сиёсати хориҷӣ якҷоя истифода мебурданд, ки ин хато солҳои охир бартараф гардид. Дипломатияро ҳамчун риштаи пешбарандаи сиёсати хориҷӣ меҳисобанд, на сиёсати хориҷӣ.
Дар анҷоми мулоқот Хушмуҳаммад Нуриддинзода ба саволҳои сершумори ҳозирин посух гуфт.








Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон ва ҳокимияти иҷроия доир шуд
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар мавзуи «Дипломатияи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон – назария ва амалияи он» ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Тоҷикистону Кипр робитаҳои байнипарламентиро тақвият медиҳанд
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба иқтисод ва молия бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид






