Дар маркази Душанбе арчаи асосии солинавии мамлакат бо 12 ҳазор бозича ва муосиртарин таҷҳизоти ороишӣ зебу зиннат дода мешавад

Декабрь 4, 2018 10:50

ДУШАНБЕ, 04.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт,  дар паҳлӯи   Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ  арчаи солинавӣ   бо баландии 27 метр  ва паҳноии 14 метр  устувор карда мешавад.  Дар назар аст, ки то 10  декабр ороиши пурраи он  ба анҷом расад. Айни ҳол кормандони Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»   ба оро додани ин арчаи идона машғул ҳастанд.

Тавре  муовини директори  Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»  Шарофиддин  Талабов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, арчаи солинавӣ бо  12 ҳазор бозичаҳо  ва муосиртарин таҷҳизоти ороишӣ  зебу зиннат дода шуда, дар он чароғакҳои светоидӣ бо  4 ранг насб мегарданд. Ин  арчаи идона  аз арчаҳои солинавии солҳои пешин бо ҳашамату зебоӣ    фарқ хоҳад кард. Як фарқияти арчаи идонаи имсола  дар баландӣ ва паҳноии он аст. Арчаи нав  аз арчаи соли гузашта бо 2 метр дар баландиву паҳноӣ фарқ дорад.  Фарқияти дигари арчаи солинавӣ боз дар он аст, ки он дар паҳлӯи  саҳнаи барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ҷойгир аст. Дар ҷойи  арчаи соли пешин имсол  макетҳои  ороишӣ,   аз ҷумла, туҳфаҳо ва  дигар  бозичаҳои солинавӣ ҷойгир карда мешаванд.

Ҳамчунин дар даромадгоҳи Боғи «Устод Рӯдакӣ» барои аксбардории сокинону меҳмонони пойтахт навиштаҷоти калони «СОЛИ 2019» бо  чароғакҳои светоидӣ насб мегардад.

Номбурда ҳамчунин афзуд, ки барои   бошукӯҳ гузаронидани ҷашни Соли нави мелодӣ  дар дигар гӯшаву канори  пойтахт, аз ҷумла, дар чор ноҳияҳои шаҳри Душанбе — Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, майдони 800-солагии Москваи ноҳияи Шоҳмансур, Боғи фарҳангу фароғатии ба номи А.Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ  ва   майдони паҳлӯи  Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  арчаҳои идона гузошта мешаванд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо мақсади таҷлили  Соли нави мелодии 2019 дар пойтахт баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ дар назар дошта шудааст.

Санъаткорону ҳунармандон бо суруду таронаҳои нав баромад намуда, баъди анҷоми  ин барномаи фароғатӣ, баробари фарорасии соли нав  мушакпаронӣ ҳам дар назар дошта шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки  ҷашни  Соли  нави мелодӣ  таърихи  куҳан дошта,   дар қисмати зиёди ҷаҳон  онро  таҷлил менамоянд.  Он  аз  дувоздаҳ моҳ иборат буда, соли 46 то мелод, яъне 2056 сол пеш, императори Рум –Юлий Сезар  якуми январро ҳамчун рӯзи аввали соли нав қабул намуда буд.

Анъанаи таҷлили Соли нави мелодӣ  дар Тоҷикистон аз  даврони собиқ  Иттиҳоди Шӯравӣ  ибтидо мегирад.  Шурӯъ аз солҳои аввали  таъсиси Тоҷикистони шӯравӣ  то  ҳоло  якуми январ  ҳамчун   оғози соли нави  мелодӣ  ҷашн гирифта мешавад.

 

Декабрь 4, 2018 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?