Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кӯдакистони №131 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 27.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. 27 декабр Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Гулбуттаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт муассисаи таълимии томактабии №131 — ро, ки бо тарҳи назаррабо ва дар масоҳати 1600 метри мураббаъ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин муассисаи томактабӣ соли 1974 барои 100 нафар тарбиятгиранда сохта шуда буд.
Дар ин муддат кӯдакистони мазкур ягон маротиба таъмири асосиро надида, шароити он ба ягон талаботи меъёрию стандартӣ ҷавобгӯ набуд.
Дар асоси талошҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сохтмони ин муассиса аз нав ба нақша гирифта шуд. Он бо фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар асоси лоиҳаи ҶДММ «Неъматуллоҳ-2000» пудратчӣ — ҶДММ «Ниёз» бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Бояд зикр намуд, ки бинои нави кӯдакистони рақами 131 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо маблағи тақрибан 5 миллион сомонӣ сохта шуда, аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 110 тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин дар ин боғчаи бачагона тамоми асбобу анҷоми хониш барои машғулиятҳои гуногун ва буду боши кӯдакон муҳайё карда шудааст.
Муассисаи таълимии томактабӣ дорои айвонча, ҳуҷраи хоб, толори бозии кӯдакон, варзишгоҳ, синфи мусиқӣ, утоқи корӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Ба мақсади беҳтар ба роҳ мондани таълиму тарбияи кӯдакон дар ин муассисаи томактабӣ омӯзиш ба ду забон -тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.
Зимни шиносоӣ бо иншооти мазкур Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки барои таълим ва тарбияи дурусти кӯдакон бояд аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода бурд, зеро онҳо ояндаи давлату миллатанд.
Вобаста ба ин Раиси шаҳр ба мураббиёну тарбиятгарони муассисаи мазкур дастур дод, ки дар тарбияи кӯдакон ҷиддӣ ва масъулиятшинос бошанд.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






