Дар шаҳри Кӯлоб намоиши сад ранги чакан доир гардид
КӮЛОБ, 22.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб ба шарафи дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии Бунёди маориф ва илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) шомил шудани чакан дар назди Қасри фарҳанги шаҳр ҳамоиш доир намуданд. Дар он ҳунармандони шаҳру деҳот ҷамъ омада, намоиши ин ҳунари волои хешро ба маъраз гузоштанд. Занону духтарон дар бар куртаҳои чакан аз он ифтихор мекарданд.
Дар намоишгоҳ нақшҳои гуногуну пурмазмуни чаканро вохӯрдан мумкин буд, аз ин рӯ ин намоишро сад ранги чакан номиданд. Ҳунармандони касбӣ ба намоишгоҳ бо шогирдонашон омада, бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ ва осмони софу беғубори диёр ба сатҳи ҷаҳонӣ баромадани ҳунари миллиамон-чаканро фоли нек ҳисобиданд.
Раиси шаҳри Кӯлоб кулли ҳунармандон ва сокинони шаҳрро бо ин рӯйдоди фараҳбахш табрик гуфта, зикр намуд, ки «дар бораи чакан садҳо асарҳои илмӣ иншо гардида, даҳҳо корҳои тадқиқотӣ бурда шудаанд. Чакан шиносномаи мардуми водии Кӯлоб ба шумор мерафт ва ҳоло он шиносномаи миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон гардид, ки мо аз ин мефахрем».
Сипас дар ҳолати тантанавӣ ба як гурӯҳ ҳунармандоне, ки дар рушди ин ҳунари хонаводагӣ саҳми арзанда гузоштаанд, сипоснома, ифтихорнома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд.
Ба намоиш кормандони шуъбаи фарҳанг ва Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳр шукӯҳи тоза бахшиданд.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






